Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистону Русия дар Тошканд Русия беш аз 860 млн. $ қарзи Ӯзбекистонро беэътибор мекунад.
Қабл аз оғози гуфтушуниди Владимир Путин ва Ислом Каримов ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор намуда буд, ки ҳаҷми маблағи қарз то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 500 миллион доллар қарзи асосӣ ва наздики 388 миллион фоизҳои қарз аст. «Акнун тасмим гирифта шуд, ки аз 500 миллион доллари қарзи асосӣ Ӯзбекистон танҳо 25 миллионашро пардохт мекунад», - зикр кард ӯ.
Дар нишасти хабарӣ баъди гуфтушунидҳо президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст, ки ба Ӯзбекистону Русия муяссар шудааст, ки дар масъалаи ҳаллу фасли талабот ва уҳдадориҳои молиявии дуҷониба комилан ба мувофиқа расанд.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Маскаву Тошканд дар робита ба имзои шартнома миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ машваратҳо доир мекунанд. «Таъкид мекунам, ки ин танҳо машварат хоҳад буд», - иброз доштааст сарвари давлати Русия.




“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста