Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 5 январ истеъфои ҳукумати кишварро қабул кард.
Тавре ки INTERFAX хабар медиҳад, амри дахлдорро дар ин бора Токаев рӯзи 5 январ ба имзо расонида, он дар сомонаи сарвари давлат нашр шудааст.
Мувофиқи амр, иҷрои вазифаҳои сарвазири Қазоқистон муваққатан ба дӯши Смаилов Алихон Асханович (муовини сарвазир дар ҳайати ҳукумати истеъфодода) вогузор шудааст.
Гуфта мешавад, то тасдиқи ҳайати нави девони вазирон, аъзои ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.
Амри мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш мавриди амал қарор мегирад.
Ҳукумати пешинаро, ки ба истеъфо рафт, Аскар Мамин роҳбарӣ мекард, ки моҳи феврали соли 2019 сарвазир таъин шуда буд.

Қабл аз истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар ин кишвар эътирозҳои густарда сурат гирифтанд. Тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.
Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарни шаҳри кишвар - Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.
Шаби гузашта президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Алмаато ва вилояти Мангистау реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои ахир президенти Қазоқистон Токаев махсус ба мардум муроҷиат кард.
Дар паёми видеоии худ ӯ хост, ки ба иғвоҳои беруна ва дохилӣ дода нашавад.
Токаев таъкид кард, ки "қудрат суқут нахоҳад кард", аммо ба кишвар муноқиша ниёз надорад, балки ба эътимоди тарафайн ва гуфтугӯ ниёз дорад. Раисиҷумҳур ҳамчунин ваъда дод, ки тамоми тақозоҳои қонунии эътирозгаронро ба инобат мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста