Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни ҷаласаи ситоди фаврӣ дар Алмато изҳор намуд, ки хуруҷи муташаккилонаи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) 13 январ оғоз мегардад.
Ӯ ба ҳайати фармондеҳии неруҳо барои фаъолияташон дар муддати ин рӯзҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
“Худи ҳузури воҳиди неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон, аз ҷумла дар Алмаато, аз лиҳози ба эътидол овардани вазъ дар кишвари мо нақши хеле муҳим бозид. Албатта, ин барои рафъи ҳамлаи террористону роҳзанон аҳамияти беандозаи равонӣ ҳам дошт. Анҷоми рисолат хеле муваффақ арзёбӣ мешавад. Бори дигар ба сарони давлатҳо изҳори сипос мекунам”, - гуфтааст Токаев.
Рӯзи 12 январ дар Нур-Султон Токаев дабири кулли СПАД Станислав Засро ба ҳузур пазируфт, хабар дода мешавад дар сомонаи президент.
Раисиҷумҳури Қазоқистон аз натоиҷи нишасти ғайринавбатии СПАД изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин ба муттаҳидони СПАД барои дастгирӣ ва кумаки саривақтӣ ба Қазоқистон дар рафъи ҳамлаи террористӣ изҳори сипос кард.
Дабири кулли СПАД дар бораи ҷараёни иҷрои вазифаҳои неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон, аз ҷумла оғози хуруҷи воҳидҳои кишварҳои узви он дар мӯҳлати муайянкардаи раиси Қазоқистон аз ин кишвар маълумот дод.
Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Мақомоти кишвар эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Дар саросари кишвар то 19 январ вазъи фавқулода ҷорӣ шуд.
Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Русия, Беларус, Арманистон ,Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристоданд.
Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон ба посбонии анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистон машғуланд.
“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус - фурудгоҳ, қирғизҳо - Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон - фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, - зикр шуда буд дар гузориш.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста