Ба як ҷамъияти ӯзбекон дар Русия пешниҳод карданд, барои ҷанг дар Украина гуруҳ таъсис диҳанд.
Роҳбари "Ҷомеаи ӯзбекони Осиёи Марказии кишвари Перм" Ҷаҳонгир Ҷалолов пешниҳод кард, ки барои ҷанг дар Украина гуруҳе бо номи Темурланг таъсис дода шавад. Навори суханронии вай дар телевизиони Vetta нашр шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи centralasian.org.
"Фарзандони мо ба боғча мераванд, дар мактабу донишгоҳҳо мехонанд. Мо дар Русия зиндагиву кор мекунем. Мо на танҳо бояд, балки вазифадорем, нонеро ҳалол кунем, ки истеъмол мекунем. Пешниҳод мекунам, гуруҳи ихтиёриёне таъсис ва номашро ба номи Амир Темур - Темурланги бузург гузорем", - гуфт Ҷалолов.
Вай аз касоне, ки дар суханрониаш ҳузур доштанд, даъват кард, ӯро дастгирӣ ва ба гуруҳ бипайванданд.
Нашрияи "Коммерсант"-и Русия пештар навишт, дар минтақаҳои он кишвар то кунун бештар аз 40 гуруҳҳои ихтиёриён барои ҷанг дар Украина сохта шудааст.
Ба иттилои нашрия, сохтани чунин гуруҳҳо дар минтақаҳои Русия аз баҳор шуруъ шуда, дар бораи онҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад. Гуруҳҳо бар асоси минтақаҳое номгузорӣ мешаванд, ки онҷо ҷамъоварӣ шудаанд.
Ба ин тартиб, дар Санкт-Петербург гуруҳҳои ихтиёриёни "Кронштадт", "Нева" ва "Павловск", дар Ёқутистон — "Боотур", дар Приморе — "Тигр", дар Қазон — "Алга" ва "Тимер", дар Чувашистон — "Атал", дар кишвари Перм — "Парма" ва "Молот", дар вилояти Амур — "Амурский", дар вилояти Ленинград — "Невский" ва "Ладожский" таъсис шудааст.
Манобеи нашрия гуфтаанд, ки сохтани гуруҳҳо бар асоси минтақаҳо ба он хотир аст, ки бо ихтиёриён ба ин шева кор кардан асон аст. Мансабдорони федеролӣ аз мақомоти минтақаҳои Русия хостаанд, кӯмаки иттилоотӣ ва молӣ расонанд.
Расман ихтиёриён бо вазорати мудофиаи Русия барои чанд моҳ шартнома имзо мекунанд ва мақоми низомии шартномавиро соҳиб мешаванд. Вобаста ба минтақаашон, ба онҳо моҳона аз 130 ҳазор то 300 ҳазор рубл пардохт мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта бештар аз 40 ихтиёрӣ аз Чувашистони Русия ба мақомот шикоят карданд, ки маблағҳои ваъдашударо ба онҳо напардохтаанд.
Ҷалби ихтиёриён дар Русия ба яке аз гузинаҳои "даъвати саросарӣ" табдил шудааст. Ихтиёриёнро на танҳо кумитаҳои низомӣ, балки ширкатҳои низомии хусусӣ, аз ҷумла "ЧВК Вагнер" низ ҷалб мекунад.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста