Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон, ки соли 2021 маротибаи дуюм барои 5 соли дигар роҳбари ин кишвар интихоб шуда буд, пас аз раъйпурсӣ ва қабули тағйирот ба сарқонун, қарор дар хусуси интихоботи пеш аз муҳлати президентиро имзо намуд ва шарҳ дод, ки чаро ба чунин иқдом даст зад.
Дар асоси қарори имзошуда, 9-уми июли соли 2023 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад.
Шавкат Мирзиёев сабаби асосии қабули ин қарорро чунин шарҳ додааст:
Аввалан, тибқи Қонуни асосӣ, тамоми зинаҳои ҳокимият ислоҳ гардида, муносибат ва мувозинат миёни онҳо ҷиддан тағйир меёбад;
Дуввум, Конститутсияи нав дар назди Президент, парлумон, ҳукумат, вазирон, ҳокимон вазифаҳои таъхирнопазир ва нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегузорад;
Сеюм, ҳалқ аз мо дар ҳамаи соҳаҳо тағйирот ва ислоҳоти басо муҳим ва ҷиддӣ интизор аст;
Чорум, дар вазъи кунунӣ, ки дар ҷаҳон ҷараёнҳои мураккаб ва босуръат идома доранд, роҳи дуруст ва самараноки рушдро пайдо кардан ва онро амалӣ намудан ба масъалаи муҳим ва асосӣ табдил меёбад.
“Ҳамдиёрони азиз ва муҳтарам, тавре мебинед, имрӯз назди худ ҳадафи боз ҳам бузургтар мегузорем. Минбаъд ҳам, дар робита ба ҳар масъалаи вобаста ба ҳаёти давлат ва ҷамъият, рушди кунунӣ ва минбаъда танҳо ва танҳо якҷо бо шумо – халқи донишманду дилкушод маслиҳат карда, кор мекунем”, - таъкид кардааст Шавкат Мирзиёев.
Ӯ таъкид намудааст, ки “дар қонунни асосӣ халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ навишта шудааст. Аз ин нуктаи назар, дар низоми нави ҳокимият халқ, бори дигар такрор мекунам, танҳо халқ ба роҳбари мавриди боварии худаш мандат диҳад ба мақсад мувофиқ аст. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ ин қарори аз ҳама дуруст ва боадолат хоҳад буд”.
Шавкат Мирзиёев маротибаи аввал соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов, аввалин президенти Ӯзбекистон, раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шуд ва аз бунёди “Ӯзбекистони нав” мужда дод. Дар давраи аввали президентии хеш, Шавкат Мирзиёев ба тағйироти ҷиддӣ даст зад ва ба барои ҷомеаи то ин замон пӯшидаи Ӯзбекистон, то андозае озодиҳоро ҷорӣ намуд. Бо кишварҳои минтақа муносибати хубу дӯстонаро ба роҳ монда, сарҳадҳои давлатро боз намуд.
Соли 2021 бори дигар дар интихоботи президентӣ ғалаба кард ва то соли 2026 президент интихоб гардид.
Чанде пештар дар Ӯзбекистон раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонун баргузор шуд ва яке аз бандҳои он то 7 сол дароз кардани муҳлати президентӣ буд. Ҳамакнун, дар ин кишвар як нафар метавонад ду маротиба 7 солӣ президент интихоб шавад. Дар сурати иштирок ва ғалабаи Шавкат Мирзиёев дар интихоботи пеш аз муҳлат, ӯ метавонад то соли 2037 роҳбари давлати Ӯзбекистон боқӣ монад.
Маҳз ин нуктаро бисёре аз коршиносони сиёсӣ қадами эҳтимолӣ сӯйи худкомагӣ ва қабзаи қудрат меноманд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста