Ҳафтаи гузашта дар Қирғизистон фишор болои рӯзноманигорони мустақил якбора афзоиш ёфт. Дар аввал идораи кории хабаргузории “24.kg” мавриди кофтуков қарор гирифта, баъди бозпурсии роҳбарияти он, бар зидди ин расона барои “таблиғи ҷанг” парванда боз шуд.

Як рӯз баъд якбора 11 рӯзноманигори дигар аввал барои чанд соат ба мақомот даъват ва баъдан барои 2 моҳ ҳабс гардиданд. Аксари онҳо рӯзноманигорони собиқу имрӯзи тарҳи “Temirov Live”, лоиҳае, ки ба гузаронидани тадқиқоти журналистӣ машғул аст, мебошанд. Рӯзноманигорони боздоштшуда барои “бадномкунии мақомоти давлатӣ, ки метавонад боиси нооромӣ шавад” гумонбар ҳастанд.

Боздошту ҳабси рӯзноманигоронро созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои алоҳида шадидан маҳкум намуданд.

Садир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар шарҳи боздошту ҳабси рӯзноманигорон гуфт, “ҳамаи онҳо на хабарнигорони ҳирфаӣ, балки блогнависони бемасъулияте ҳастанд, ки иттилооти гуногун, аз ҷумла маълумоти ба амнияти миллии кишвар хатарзоро нашр мекунанд”.

Аксари рӯзноманигорони қирғиз боздошти ҳамкасбонашонро маҳкум карда, аз мақомоти Қирғизистон талаб намуданд, ки барои ҳалли масъала сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Ин ҳаводис дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳам мавриди гуфтугузорҳо қарор гирифт.

Мо аз рӯзноманигорони тоҷик ва қирғиз пурсидем: Сабаби афзоиши фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорон дар Қирғизистон чист ва ҷомеаи ҳамсоякишвар ба он чӣ вокуниш мекунад?

Роҳи сарбаста

Бояд зикр кард, рӯзноманигорон қирғизе, ки бо “Asia-Plus” сӯҳбат карданд, бо назардошти вазъи номуайян дар ватанашон, хоҳиш намуданд, ки аз онҳо ном бурда нашавад.

Ҳамин тавр, яке аз рӯзноманигори Қирғизистон ба “Asia-Plus” гуфт, дар паси ин фишору боздоштҳо “майлу хоҳиши зери назорат гирифтани расонаҳои мустақил аст”. Зеро ба қавли ӯ, маҳз ба туфайли расонаҳо ҷомеаи ин кишвар аз далелҳои фасод дар зинаҳои болоии қудрат ва харҷҳои ҳангуфти ғайримақсаднок огоҳ мешаванд.

“Табиист, ки ин ба касе аз боло маъқул нест — вақте ки тафтиш сурат мегираду маблағи аз буҷет берунрафта дақиқ ҳисоб мешавад. Мансабдорон намехоҳанд ин нашр шавад, аммо рӯзноманигорони мустақили мо ин корро барои он анҷом медиҳанд, ки аз вазъи мардум нигаронанд, зеро мо мехоҳем дар як кишвари пешрафта ва обод зиндагӣ кунем, ки дар он мансабдорон дуздӣ накунанд”, - мегӯяд ин рӯзноманигори қирғиз.

Ҳамсӯҳбати мо фишор ба расонаҳо ва боздошти хабарнигоронро роҳи сарбаста медонад ва мегӯяд, ҷомеаи хабарнигорон аз раиси ҷумҳур даъват кардаанд, ки расонаҳои мустақилро нодида нагирад ва вориди муколама шавад.

“Аз чунин бархӯрд ягон чизи хубе ҳосил нахоҳад шуд. Ӯ метавонад ҳамаи рӯзноманигоронро зиндонӣ кунад - мо аллакай як рӯйхате дорем, ки бо кадом навбат бояд моро боздошт кунанд. Мо мақомотро ба муколама даъват кардем. Мехоҳем гӯем, ки мансабдор бо дуздии худ ба рушди кишвар имкон намедиҳад. Дасти тиҷоратро буридан лозим нест — он кишварро сер мекунад. Ин ҳақиқати оддиро дар мисоли тафтишоти мустақил ба ӯ расонидан мехоҳем”, - мегӯяд ӯ.

Ин хабарнигори қирғиз мегӯяд, раиси ҷумҳур бо забони мардум сӯҳбат мекунад ва онҳо мехоҳанд бо ҳамон забони мардумӣ ба ӯ фаҳмонанд, ки оқибати фишору боздоштҳо чӣ аст ва рӯзноманигорони мустақил муҳимтарин ёварони ӯ ҳастанд, бояд онҳоро пуштибон бошад.

11 рӯзноманигори боздоштшудаи Қирғизистон
Радиои Озодӣ

Вай барои исботи гуфтаҳояш аз таҳқиқоти журналистие ёд мекунад, ки чанде пеш дар бораи қонуншиканӣ дар мақомоти гумрук нашр шуд.

“Дар аввал тадқиқотро қабул надоштанд, ки гӯё барои кишвар шармовар аст. Аммо пас аз ин, даромад ба гумрук дарҳол бамаротиб афзуд. Инро бо рақамҳо ҳам ҳисоб кардан мумкин аст. Акнун ба озод кардани кормандони ин мақомот сар карданд”, - гуфт ин хабарнигор.

Фишор зери ливои мубориза бо тахрибкорӣ

Рӯзноманигори дигари қирғиз ҳам бовар дорад, ки дар паси фишору боздоштҳо хоҳиши пахш кардани матбуоти озод аст ва он чун муборизаи зиддитахрибкорӣ (диверсия)-и сиёсӣ муаррифӣ мешавад.

“Гӯё дар паси расонаҳои мустақил нерӯҳое аз он сӯи уқёнус ҳастанд, ки мехоҳанд бесарусомонӣ барпо кунанд”, - мегӯяд ӯ.

Лаҳзаи боздошти яке аз рӯзноманигорони Қирғизистон

Ин рӯзноманигори қирғиз ҳам аз нақши муҳими расонаҳои мустақил ёдовар шуда, ба зарурати муколама миёни мақомот ва рӯзноманигорон таъкид мекунад.

“Муколама бо матбуот, дар навбати аввал ба нафъи давлат аст. Умедворам, ки мақомот ба манфиати давлат амал мекунанд. Баъзе намояндагони мо аллакай гуфтушунид доранд, ки ин чӣ гуна муколама ва дар кадом шакл хоҳад буд”, - мегӯяд ӯ.

Таҳкими қудрат дар як даст

Коршинос Абдумалик Қодиров афзоиши фишору таъқиби журналистон дар Қирғизистонро “давоми сиёсати ҳукумати имрӯзаи Қирғизистон дар самти таҳкими қудрат дар дасти як гурӯҳ аст” медонад.

Абдумалик Қодиров
Саҳифаи фейсбуки Абдумалик Қодиров

Ба андешаи ӯ, Садир Жапаров, раиси ҷумҳур ва Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и ин кишвар кӯшиш доранд худро чун сиёсатмадори пурқудрат нишон диҳанд, аз ин рӯ, болои мухолифон фишор меоранд, то касе садди роҳашон барои нигоҳдории қудрат нашавад.

“Онҳо як – ду сол пеш зиёдтар сари суст кардани таъсири ҳизбҳо ё сиёсатдорони мухолиф буданд. Баъд аз он ки ба он мақсадашон расиданд, мехоҳанд, ки даҳони расонаҳову журналистонро банданд, то ки касе имкон надошта бошад, ки аз сиёсати пешбурдаи онҳо интиқод кунад”, - гуфт Абдумалик Қодиров.

Ва дар ин роҳ, ҳамакнун, ба қавли Қодиров, журналистон бо тадқиқоташон, аз ҷумла дар бора фаъолияти Жапаров ва сохтори соҳибкории пинҳонии Ташиев, садде шудаанд. Ва фишору боздоштҳо ба хотири пӯшидани даҳони рӯзноманигорон ва шикастани ваҳдати онҳо  сурат мегирад.

Пешгирӣ аз баҳси созишнома оид ба марз?

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки бо фошору боздоштҳо “роҳбарияти Қирғизистон мехоҳад, ки расонаҳо ва журналистони ин кишварро лаҷом занад, то ки дар ҳолати даркорӣ истифода кунад”.

Имрӯз, ба андешаи Қаршибоев, рӯзноманигорони Қирғизистон бештар ба масоили мубориза алайҳи ҷинояткории муташакилона, сӯистифода аз мансаб аз ҷониби вакилону мансабдорон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ доранд ва ин боиси ташвиши мақомоти ин кишвар шудааст.

Нуриддин Қаршибоев

Аммо ӯ таъкид мекунад, ки яке аз сабабҳои дигари афзоиши фишор ба расонаҳо ва боздошти рӯзноманигорон шояд ба раванди баъди имзои созишнома оид ба марз бо Тоҷикистон робита дошта бошад. Яъне, роҳбарияти Қирғизистон намехоҳад, ки баъди имзои созишнома муҳтавои он аз ҷониби рӯзноманигорон ба чолиш кашида шавад.

Бояд гуфт, тибқи маълумоти Садир Жапаров ва вазири корҳои хориҷии Туркия, Тоҷикистон ва Қирғизтистон ҳадаф доранд то баҳори соли ҷорӣ созишномаи марзӣ имзо кунанд.

Роҳ ба сӯйи худкомагӣ?

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ба ин назар аст, ки боздоштҳои ахири рӯзноманигорони расонаҳои ғайридавлатӣ дар кишвари ҳамсоя маънои адами таҳаммули фошкории каҷравиҳо ва худкомагиҳо дар Қирғизистон аз сӯйи роҳбарияти онро дорад.

"Дар ивази он ки ҳукумати Қирғизистон ислоҳ шавад ва ҳисоботдиҳанда бошад ва адолатро риоя кунад онҳоеро боздошту зиндонӣ мекунад, ки худкомагиҳоро ошкор месозанд. Рафтори ҳукуматдорони Қирғизистон мисли ҳар ҳукумати худкомаи дигар аст. Чунин рафтор аз ҳукуматҳое сар мезанад, ки мардумӣ нестанд, фасодкорӣ мекунанд, тавоноии кофии зеҳнӣ надоранд, лаёқати идораи давлатро надоранд, шуҷоати ислоҳ шуданро надоранд”, - мегӯяд Ёқуб Ҳалимов.

Ин чӣ паёмад дорад?

Аксари рӯзноманигорону коршиносони ҳарду давлат ба ин назаранд, ки афзоиши фишор ба расонаҳову боздошти рӯзноманигорон боиси афзоиши худсензура, тақвияти худкомагӣ ва рукуди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ мегарданд.

Ёқуб Ҳалимов

Масалан, Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, ки агар расонаҳои мустақил дар он кишвар баста шаванд ва рӯзноманигоронашон ба зиндон андохта шаванд - Қирғизистон ба як кишвари дигари худкома, фасодзада, ноозод, ноком табдил мегардад.

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки имкони тағйири ваъи ҷорӣ ҳам душвор аст, зеро ҷомеаи кунунии Қирғизистон хеле эҳтиёткор шудаву ягон эътирозкунанда намондааст ва роҳбарияти ин кишвар инро хуб медонад ва аз ин лиҳоз, тасмими ҷиддии зери назорат гирифтани ВАО-ро дорад.

Рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя чӣ тасмим доранд?

Рӯзноманигорони қирғизе, ки бо мо сӯҳбат карданд, мегӯянд, ба ҳар ҳол, умед доранд, истифода аз усули саркӯбӣ хотима меёбад, зеро муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ беҳтарин гузинаи он аст.

Айни замон онҳо тибқи тавони худ чораҳоеро меандешанд, аз қабили бо вакили дифоъ ва либоси гарм таъмин кардани рӯзноманигорони боздоштшуда ва кӯмак ба оилаҳои онҳо.

Аммо ҳоло нақшаи мушаххасе надоранд, чун мегӯянд, бори аввал бо ин гуна вазъият дучор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.