Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии нахуст аз дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 2 ба шикаст мувоҷеҳ гардид.
Дастаҳои дигари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Қирғизистон низ бозиҳояшонро бохтанд. Дастаи Қирғизистон аз дастаи Сурия бо ҳисоби 0 бар 1 ва тими Туркманистон аз дастаи Ироқ бо ҳисоби 0 бар 4 ба нокомӣ дучор шуданд. Дастаи Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» се бозӣ гузаронида, дар ду бозӣ дастболо шуд ва имкони хуби ба даст овардани роҳхат ба давраи ниҳоиро доро аст.
Сармурабии дастаи Тоҷикистон Кемал Алиспахич пас аз анҷоми вохӯрӣ аз кори доварон изҳори норозигӣ намуда, гуфтааст, довар ду зарбаи 11-метрро ба дарвозаи Баҳрайн таъин накардааст. «Дар бозии оянда ба мо ҳатман ғалаба зарур аст», - иброз доштааст ӯ.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Малдив – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф карданд
“Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад?
“Парасту-2025”. Дар Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мешавад
Тоскулоҳи бузурги ҷудо-2025 дар Душанбе. Кай баргузор мешавад ва ин чӣ гуна мусобиқа аст?
Доналд Трамп гуфт, бо Эрон музокироти мустақим дорем. Аббос Ароқчӣ мегӯяд, мулоқот ғайримустақим аст
Рӯнамоии портали ягонаи давлатии EGOV.TJ дар Душанбе
Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста