Мутахассис аз Беларус Олег Кубарев мунтахаби футболи ҷавононро ба раҳбарӣ гирифт. Ин маълумотро худи мутахассис тасдиқ кард.
Барои football.by Кубарев маълумот дар бораи таъиноти худро чунин шарҳ додааст:
“Ин чӣ гуна имконпазир шуд? Шиносҳои умумие пайдо шуданд, ки тавсия доданд. Гуфтушунидҳо тақрибан як моҳ пеш оғоз шуданд. Ҷолиб аст. Ҳеҷ гоҳ бо чунин кор дучор нашудаам. Дастаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё байни ҷавонон омода мекунам (мусобиқа аз 1 то 18 марти соли 2023 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад). Шартнома барои давраи омодагӣ ва иштирок пешбинӣ шудааст. Ба ҳайати мураббиён мутахассисони маҳаллӣ ва писарам Сергей ҳамчун таҳлилгар шомиланд. Ҳамаи давраи пеш аз мусобиқа бо даста хоҳам буд. Ният дорам, ки на дертар аз 10 декабр ба Тоҷикистон равам. Ҳоло тими мунтахабро меомӯзам, нақшаҳо тарҳрезӣ мекунам. Бозингарони даста хубанд”.
Ёдрас мекунем, ки Олег Кубарев пас аз тарки дастаи футболи "Крумкачы» зимистони соли гузашта, ба ҳайси мутасаддӣ дар лоиҳа барои кӯдакону наврасон - "ДНК Нация" машғули кор буд.
Қаблан Олег Кубарев дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, ба тимҳои “Спартак” (Юрмала), “Рига” ва “Елгава”-и Латвия, инчунин “Зимбру” ва “Дачия”-и Молдова роҳбарӣ кардааст.
Аммо дар Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора маълумот надодаанд. Дар Федератсия далели аз кор рафтани сармурабии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиевро тасдиқ накарданд. Як манбаъ дар ин робита изҳор намуд, ки Турдиев комилан аз кор нарафта, ба ситоди сармураббии нав шомил хоҳад шуд.