Субҳи имрӯз, 20-уми ноябр, дар интернет иттилои бардурӯғе нашр шуд, ки гӯё Бонки миллӣ (маълум нест, ки Бонки миллии кадом кишвар) Манижаи Сангин (Ҳамроева), овозхони тоҷики муқими Русияро барои суханонаш ба додгоҳ мекашад. Ин хабарро қаллобон бо истифода аз номи “Азия-Плюс” дар сомонаи фейкӣ паҳн карданд.
Қаллобон саҳифаи аввали хабаргузории “Avesta.tj”-ро нусхабардорӣ карда, дар асоси он иттилое паҳн кардаанд, ки гӯё Манижаи Сангин дар меҳмонии барномаи “Аsia-Plus TV” дар бораи ба даст овардани маблағи ҳангуфт аз як ширкати ҳуши сунъии “E-nigm 2.0” нақл кардааст ва дар асоси ин гуфтаҳо Бонки миллӣ (маълум нест, ки Бонки миллии кадом кишвар аст) сарояндаро ба додгоҳ кашидааст.
Дар зер бо чанд далели мушаххас фейк будани ин хабарро тасдиқ мекунем:
1. Ин саҳифаи аслии “Авеста” нест. Қаллобон танҳо саҳифаи аввали ин расонаро нусхабардорӣ карда, дар он матни худро ҷой додаанд. Суроғае, ки қаллобон ин хабарро бо истифода аз сомонаи “Авеста” нашр кардаанд, “vole.evenqyv.cyou” аст ва он ба Тоҷикистон рабте надорад. Саҳифаи аслии хабаргузории Авеста “avesta.tj” аст.
2. Тибқи иттилои сомонаи 2IP.ru, пойгоҳ ё сервери сомонаи “vole.evenqyv.cyou”, ки хабари дурӯғро нашр кардааст, дар Қазоқистон аст. Он 13-уми ноябри соли 2023 дар ширкати “NameSilo” то 13-уми ноябри соли 2024 сабти ном шуда, ҳеҷ рабте ба Тоҷикистон надорад. Провайдере, ки сомонаи “vole.evenqyv.cyou” истифода мекунад, “nls.kz” аст.
3. Вақте мехоҳед ба саҳифаи асосии сомона ворид шавед ва ё хабари дигареро пахш кунед, он ба сомонаи “vole.evenqyv.cyou” меравад ва ин собит мекунад, ки қаллобон ба истифодаи ин хабар мехоҳанд маблағи муфт ба даст оранд.
4. Ин суроға танҳо дар Тоҷикистон бо чунин хабар кушода мешавад. Агар онро дар дигар кишварҳо боз кунем, ба саҳифаи асосии “vole.evenqyv.cyou”, ки дарёфти маблағро бо роҳи фиреб таблиғ мекунад, кушода мешавад.
5. Қаллобон бо истифода аз аксҳои мусоҳибаи моҳи декабри соли 2019, ки “Азия-Плюс” бо Манижаи Сангин баргузор кардааст, навиштаанд, “ӯ дар бораи ба даст овардани маблағ аз ширкати зеҳни сунъии “E-nigm 2.0” иттилоъ дод”. Вале дар мусоҳибаи Манижаи Сангин, ки навори он дар саҳифаи расмии “Аsia-Plus TV” нашр шудааст, дар бораи ширкати зеҳни сунъии “E-nigm 2.0” ё сомонаи “vole.evenqyv.cyou” ҳарфе нест.
6. Тасдиқи дигари фейк будани иттилои мазкур ёдоварии аз ҳад зиёди сомона ё ширкати “E-nigm 2.0” аст, ки ҳадафаш таблиғ ва ҷалби муштариён аст. “Азия-Плюс” бо чунин ширкат ё сомонаи он рабте надорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро таблиғ накардаасту намекунад.
7. Дар “хабар” гуфта мешавад, ки Баха Назирбаев, ровии радиои “Азия-Плюс” бо Манижа мусоҳиба ороста, саволҳое, ки бевосита ба “E-nigm 2.0” рабт дорад, додааст. Вале Баха Назирбаев дар суҳбат бо мо гуфт, умуман дар ин мавзӯъ саволу ҷавоб накардааст ва ӯ танҳо дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии Манижа Сангин пурсидааст.
8. Дар бахше гуфта мешавад, ки “барои тасдиқи суханҳои Манижа муҳаррари хабарҳо (маълум нест, ки кадом сомона дар назар аст), Ораш Гафуров хост, мустақилона онро санҷад. Аммо ному насаби муҳаррири хабарҳои сомонаи “Авеста” Ораш Гафуров нест ва ин шахс рабте ба “Авесто” ё “Азия-Плюс” надорад.
9. Худи Манижаи Сангин ирсоли наворе ба "Азия-Плюс" "мусоҳибаи махфӣ" ва “хабар”-и ба даст овардани маблағ тавассути ширкатии зеҳни сунъии “E-nigm 2.0” ё сомонаи “vole.evenqyv.cyou”-ро рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар ин бора суҳбат накардааст. Ӯ аз ҳаводоронаш хост ба ин ҳама хабарҳои дурӯғ бовар накунанд.
10. Маълум гардид, ки қаллобон айнан чунин дасткориро аз номи дигар шахсиятҳо низ бо истифода аз расонаҳои дигари хориҷӣ амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, имрӯз, 20-уми ноябр, қаллобон бо истифода аз сомонаи чехии “Novinky.cz” аз номи Ян Краус, ҳунарманд ва ровии телевизион навиштаанд, ки ӯ ҳангоми мусоҳибааш бо яке аз радиоҳои маҳаллии “7 pádů Honzy Dědka” дар бораи ба даст овардани маблағи калон суҳбат кард ва Бонки миллӣ мехоҳад ӯро ба додгоҳ кашад. Яъне қаллобон маълумоте, ки аз номи Манижаи Сангин бо истифода аз “Азия-Плюс” нашр кардаанд, айнан бо чунин роҳ онро дар расонаҳои чехӣ истифода кардаанд, ки бори дигар фейк будани ин хабарро собит мекунад.
Дар ин навишта ҳам айнан саволҳое истифода шудааст, ки гӯё Баха Назирбаев дар барномаи “Азия-Плюс“ ба Манижаи Сангин додааст. Дар ин навишта ҳам зикр мешавад, ки гӯё муҳаррири сомона, ки дар мавод дар бораи Манижаи Сангин аз ӯ Ораш Гафуров муаррифӣ мешавад, санҷиш кардааст. Дар ин сомона номи муҳаррири хабарӣ Давид Валш зикр шудааст, вале акс ҳамоне аст, ки дар сомонаи ба қавле “Авеста” нашр шудаст.
Хабаргузории "Авесто" низ бо нашри маводи хос имрӯз, 20-уми ноябр, фейк будани иттилои паҳншударо тасдиқ кард ва таъкид намуд, ки ҳеҷ алоқамандие ба он надорад.
Хулоса, иттилое, ки дар бораи “Ба додгоҳ кашидани Манижаи Сангин барои ҳарфҳояш дар барномаи радиоӣ аз сӯи Бонки миллӣ” нашр гардид, дурӯғ буда, он аз сӯи қаллобон бо мақсади ба даст овардани маблағ бо истифода аз ному мавқеи Манижаи Сангин, Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва сомонаи “Авеста” сохта ва паҳн шудааст.
“Азия-Плюс” бо тамоми масъулият паҳни чунин хабарҳоро инкор мекунад ва аз аҳолӣ, аз ҷумла корбарони шабакаи интернет даъват мекунад, ки ба чунин ахбори фейкӣ бовар накунанд.
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф карданд
“Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад?
“Парасту-2025”. Дар Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мешавад
Тоскулоҳи бузурги ҷудо-2025 дар Душанбе. Кай баргузор мешавад ва ин чӣ гуна мусобиқа аст?
Доналд Трамп гуфт, бо Эрон музокироти мустақим дорем. Аббос Ароқчӣ мегӯяд, мулоқот ғайримустақим аст
Рӯнамоии портали ягонаи давлатии EGOV.TJ дар Душанбе
Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста