Дар ҳошияи Ҳамоиши оянда дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон якчанд вохӯрии дуҷониба гузаронид, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Дар мулоқот бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷонибҳо нақши ин созмонро дар амалисозии барномаҳои муҳими сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки нақши созмонро дар татбиқи барномаҳои муҳимми сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон қадр мекунад.

“Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд”,-гуфта мешавад дар хабарномаи хадамоти раисҷумҳури кишвар.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду қарор аст дар Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш
Хадамоти матбуотии президенти кишвар

Масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ дар раванди сӯҳбат таъкид гардидааст.

Дар мулоқот бо Владимир Воронков муовини Дабири кулли СММ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардидааст.

“Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад. Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд”, - навиштасст хадамоти матбуотӣ.

Ҷонибҳо ҳамчунин, конфронси қарибулвуқуъи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”, ки дар Давлати Кувайт баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Владимир Воронков ва Эмомалӣ Раҳмон
Хадамоти матбуотии президенти кишвар

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Селесте Сауло дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ мулоқот  карда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шудааст.

“Дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем. Нақшаи дар соли 2025 баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд”,-навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Дар мулоқот ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, фаромадани ярчу тарма, таъсири манфии офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишварҳо, дигар паёмадҳои фалокатбор ва пешгирии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология, самти муҳиму судманди ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ арзёбӣ шуд.

Селесте Сауло ва Эмомалӣ Раҳмон
Хадамоти матбуотии президент

Дар мулоқот бо Анна Бйерде, директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ баррасӣ гардидааст.

Таъкид гардидааст, ки давоми 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии бонки мазкур дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар амалӣ гардидааст.

Тавре зикр шудааст, масъалаҳои ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи мулоқоти мазкур мебошад.

Мулоқот бо Анна Бйерде
Хадамоти матбуотии президент

Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сӯҳбат ба Бонки Ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи “Роғун” изҳори миннатдорӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамиш бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги миёни ду кишвар, ҳамчунин, мавзуи кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кард.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар Ҳамоиши оянда дар Ню-Йорк ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид шудан баҳри ҳалли мушкилоти глобалии рӯзмарра ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир даъват кард.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард.

Дар ин сафар раисҷумҳурро муовини сарвазир, вазири ВКХ, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.