Сахидод Раҳматуллозода, раиси нави Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, таҳия шудааст. Вале ӯ нагуфт, ки он кай дар истифодаи умум қарор мегирад.
Ваъдаи таҳияи ин барнома аллакай чандин сол аст, ки аз ҷониби роҳбарияти ин Кумита дода мешавад, аммо муаррифии он ҳар маротиб ба таъхир меафтад.
Сахидод Раҳматуллозода имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” аз ҷониби кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот пурра таҳия шуда, дар худи ин ниҳод ва чанд вазорату идораҳо аз таҷриба гузаштааст.
“Ҳам дар Кумитаи забон ва истилоҳот ва ҳам дар чанд вазорату идорае, ки барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд, хулосаи мусбат гирифт. Яъне барнома мушкиле надорад”, - гуфт Сахидод Раҳматуллозода.
Раиси нави Кумитаи забон ва истилоҳот афзуд, ки ҳоло китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия шуда истодааст, ки меъёри дуруст навиштанро муайян мекунад. Ба гуфтаи Раҳматуллозода, баъди нашри ин китоб барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” ба ҳама шаҳрвандон дастрас хоҳад шуд, зеро ин барнома дар асоси итоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия шудааст.
Аммо ӯ ба саволи батакрори рӯзноманигорон дар бораи он ки китоби мазкур кай аз чоп мебарояд ва то кадом муддат барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” оммавӣ мешавад, посухи дақиқ надод.
Дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад. Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.
Ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд.
Чанд сол боз Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳия шудани барномаи мазкур хабар медиҳад, вале он то ҳол оммавӣ нашудааст. Моҳи августи соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳот гуфта буданд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябр) дастраси корбарон мегардад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад.
Дар нишасти қаблии ин ниҳод низ кай фаъол шудани барномаи мазкур баҳс шуда буд. Аммо то ҳол ин барнома дастраси сокинон нашудааст ва маълум нест, ки кай дастрас мешавад.
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Арабистони Саудӣ ба ҳазор кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100 кӯмак мекунад
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 сол зиндонӣ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста