Рӯзи 10 март дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба кор шурӯъ намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирокчиён аз се кишвари форсизабон - Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Баҳраманд, намояндаи ширкати эронии «Шоколад ID», ки баҳри иштирок дар намоишгоҳ ба Душанбе омадааст, дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳангоми сафар марзбонони ӯзбек қариб нисфи маҳсулоташро азхуд кардаанд.
«Марзбонони ӯзбек се яхдонро гирифтанд, ки арзиши ҳар кадоме аз онҳо 2-3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин барои мо мушкилот ба бор меоварад», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки дар ин намоишгоҳ 17 ширкати эронии машғул ба истеҳсоли маводи ғизойӣ ва сарулибос ва ҳамчунин ҳунармандону косибон ширкат доранд.
Мирзомуно Попал, намояндаи Афғонистон ба «Азия-Плюс» зикр кард, ки айни замон тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли рушд аст ва ба ин намоишгоҳ 37 ширкати афғонӣ маҳсулоти худро пешкаши харидорон мекунанд, ки аз қолину хушкмева, рустаниву гиёҳҳои доруворӣ, маснӯоти ҳунармандиву косибӣ ва ғайра иборат аст.
Қобили зикр аст, ки кори намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур то 14 март идома ёфта, он дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ҷараён дорад.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста