Аз соли 2000-ум то 2023-юм сарфи назар аз омилҳои беруна, рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба 130,8 млрд сомонӣ дар соли 2023 ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ ё 113 маротиба афзоиш ёфтанд.

Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантантавӣ ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12%, кишоварзӣ - 9%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 22,5%, боркашонӣ - 16,6%, хизматрасонии пулакӣ - 14,1%, гардиши савдо - 13,4% ва мусофиркашонӣ - 9,8% таъмин гардид.

Завқизода зикр кард, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро “ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ” арзёбӣ намуданд.

«Ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад», - изҳор дошт вазир.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.