Комиссияи танзими тарифҳои гумрукӣ ва тадбирҳои ҳифз дар савдои хориҷии Русия манъи содироти шакар (қанд)-ро аз Русия то 31 августи соли 2024 маъқул донист. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Зарурати роҳандозии чунин тадбир “нигаронӣ аз афзоиши содироти шакар ба хориҷа” маънидод мешавад.

“Дар ин ҳолат муҳим аст, ки дар мавсими нав захираҳои кофӣ боқӣ монда бошанд”, - зикр кардаанд манбаъҳои “Интерфакс”.

Вазорати кишоварзии Русия нимаи моҳи март хабар дода буд, ки Русия аз 1 августи соли 2023 то охири моҳи феврали соли 2024 зиёда аз 700 ҳазор тонна шакар содир намудааст, ки 3,3 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи мавсими гузашта (соли кишоварзӣ дар Русия аз 1 август оғоз мегардад - Интерфакс) мебошад.

 “Маҳдуд кардани содирот ба нигаҳдории ҳаҷми кофии захираҳо ва таъмини шарикон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) имкон медиҳад”, - чунин шарҳ додааст ин тадбири худро Вазорати кишоварзӣ.

Вазорати кишоварзӣ зикр карда буд, ки шакари Русия яке аз дастрастарин дар ҷаҳон буда, талабот ба он дар бозорро ҳавасманд месозад. Дар ин мавсим ҷуғрофияи интиқоли шакар хеле васеъ шуд. Аз ҷумла, содироти он ба Туркманистон, Афғонистон, Туркия, Кореяи Шимолӣ ва Сенегал оғоз шуд.

“Бо назардошти зарурати таъмини сатҳи кофии шакар дар охири мавсим, инчунин ҳаҷми пешгӯишудаи истеҳсол ва талаботи бозори дохилӣ ба ин маҳсулот, то охири мавсими солҳои 2023/2024 ҳудуди 200 ҳазор тонна метавонад ба содирот равона гардид. Тибқи тавозуни индикативии шакаро дар кишварҳои ИИАО, ҳаҷми мазкур то охири мавсим бояд ба шарикони мо аз ИИАО фиристода шавад”, - гуфта мешуд дар хабари Вазорати кишоварзии Русия.

Дар хабар таъкид мешавад, ки тадбири мазкур имкон медиҳад, ки қарордодҳо оид ба интиқоли шакар ба шарикон аз ИААО пурра иҷро ва вазъи муътадил дар бозори дохилии Русия таъмин карда шавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Русия, дар мавсими ҷорӣ истеҳсоли шакар дар Русия дар ҳаҷми 6,8 млн тонна пешбинӣ шудааст, ки 9,8% зиёдтар аз мавсими соли гузашта аст. Дар ҳамин ҳол, истеъмол дар дохили худи кишвар ҳудуди 6 млн тоннаро ташкил медиҳад.

Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Қариб сеяки маҳсулоти мазкурро Тоҷикистон соли гузашта аз Русия ворид кард. Мутаносибан, бо манъи содироти шакар аз Русия, лозим меояд, ки тоннаҳои камбуди он аз дигар кишварҳо дастрас шавад.

Бо сабаби мавҷуд набудани ашёи хом дар дохили кишвар, шакар дар Тоҷикистон истеҳсол намешавад ва ин маҳсулот пурра аз дигар давлатҳо ворид мегардад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, соли 2023 ба Тоҷикистон 141,5 ҳазор тонна шакар ворид карда шудааст, ки зиёда аз 45 ҳазор тоннаи он (ҳудуди 32% аз ҳаҷми умумии воридот) ба Русия рост меояд.

Бо қарори ҳукумат, шакар ба рӯйхати маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) шомил аст. Ҳамчунин шакар аз Покистон (ҳудуди 28%), Ҳиндустон (26%), Беларус (зиёда аз 12%), Эрон (1%) ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

Нархи ҳар як тоннаи шакар дар соли 2023 барои воридкунандагони Тоҷикистон 669 долларро ташкил додааст, ки 61 доллар қиматтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Ба овардани шакар дар соли гузашта 48 воридкунанда машғул шудаанд, ки миёни онҳо ширкатҳои зерин ҳиссаи назаррас доранд:    

- ҶДММ «Барӯманд» - 22%;

- Агентии захираҳои давлатии моддӣ – 12,4%;

- ҶСП «Оби Зулол» - 10,8%;

- ҶДММ «Абӯбакри Дилшод» - 18,3%;

- Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» - 7%.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.