Вазъи саломатии кӯдаке, ки навори зери мошин мондани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳо ба миён овард, муътадил арзёбӣ мешавад ва ҳоло ӯ дар беморхона қарор дорад. Дар ин бора Абдураҳим Қурбониён, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти ба “Азия-плюс” хабар дод.
Дар навор, ки се рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дида мешавад, ки як писарча, ки дар тан либоси мактабӣ дорад, мехоҳад аз роҳ гузарад, аммо як мошин бо суръати баланд писарро мезанад ва суръатро паст карда натавониста, чанд метр бо худ мебарад. Аксари корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ аз вазъи саломатии ин писар нигаронӣ карданд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд аз ин писар Ю.У., хонандаи синфи 4-и яке аз гимназияҳои шаҳри Хуҷанд ном бурданд ва гуфтанд, ӯ баъди дарс мехост ба хонааш баргардад ва “аз беэҳтиётӣ ба садама дучор шуд”.
Духтурон ҳоли ӯро сабук арзёбӣ карданд ва гуфтанд, пояш осеб дидааст.
Аз РВКД вилояти Суғд гуфтанд, ҳодиса тақрибан соати 11:30 рӯзи 17-уми феврал дар роҳи дохили шаҳри Хуҷанд рух дода, “ронандаи нақлиёти тамғаи “BYD” сокини шаҳри Хуҷанд, А.А бехатарии таъмини ҳаракат роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғи соли таваллудаш 2014-ро пахш намуд, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол ёфтааст”.
Ба гуфтаи манбаъ, ронанда ҳоло боздошт нашуда, нисбаташ парванда ҳам боз нашудааст. Аз РВКД Суғд гуфтанд, танҳо “баъди хулосаи экспиртизаи тиббӣ- судӣ аз руйи ҷароҳати расондашуда ҷазо татбиқ мешавад”.
Назари волидайни кӯдак то ҳол дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса ба соли 2023 122 маротиба бештар аст. Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 552 кас ҷон бохта, ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста