Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Аз рӯи далели марги раҳбари идораи амнияти дохилии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, палковник Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст, дар ин бора муовини аввали додситони кулли кишвар Абдуқодир Муҳамадиев, зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбе,12 апрел баргузор гашт, хабар дод.
«Тафтишоти ин парванда идома дорад ва иттилои пурра пас аз анҷоми тафтишот ба ВАО хабар дода мешавад», илова намуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади полковник таърихи 5 феврали соли равон дар утоқи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд, пайдо карда шуд. С. Пиров бо сафари корӣ дар Хуҷанд қарор дошт. Қаблан дар мавриди марги ӯ фарзияҳои мухталиф – аз худкушӣ то сактаи қалб – оварда мешуд.
C.Пиров 19 марти соли 1950 ба дунё омад. Шуруъ аз соли 1979 дар хизмати мақомоти корҳои дохила қарор дошт. Фаъолияташро дар дастгоҳи марказии ВКД ҶТ аз соли 1994 шурӯъ кард. Ба вазифаи ахири худ соли 2009-ум таъин карда шуд.
Рӯнамоии портали ягонаи хидматрасониҳои давлатии EGOV.TJ дар Душанбе
Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 2
Омодагии Тоҷикистон ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан дар бозори телекоммуникатсия
Тамринҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 апрели соли 2025
Шиддати таниш миёни Амрико ва Эрон. Ҳаракати техникаи ҳарбии ИМА ба Ховари Миёна ва фармони омодабош дар Эрон
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА пас аз бохти 0:5 аз Беларус чӣ гуна тағйир ёфт?
“Ба рӯи ҷиянаш оби ҷӯш пошид”. Боздошти ду бародар бо гумони латукӯби ҳамсар ва духтари бародари дигарашон
Имтиёзи ҳукумат ба ширкати “Сомон Эйр” барои воридоти ду ҳавопаймои “Boeing” тамдид карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста