Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои бекор кардани раводид ё виза ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва махсус ёддошти тафоҳум имзо кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ҳуҷҷатро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи 26-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк имзо кардаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, “як қатор мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва обу иқлимро матраҳ карданд”.
Аз ВКХ Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар асоси ёддошти тафоҳум "шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус мебошанд, аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, хуруҷ, убур ва будубош дар ҳудуди давлати тарафи дигар ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз дар муддати 180 рӯз аз санаи вуруди аввалин озод карда мешаванд".
Манбаъ гуфт, ёддошти тафоҳум баъд аз 30 рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ эътибор пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки ин тасмим ба дорандагони шиносномаи одии хориҷӣ дахл намекунад.
Шиносномаи дипломатӣ ва хидматӣ ба киҳо дода мешавад?
Тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон шиносномаи дипломатӣ, ба раисҷумҳур ва аъзои оилаи ӯ, раисони ҳарду палатаи парлумон, раисони суди олӣ ва конститутсионӣ, сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳи президент ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни раисҷумҳур, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатӣ ва муовинони онҳо, додситони кул ва муовинони ӯ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумати Тоҷикистон, раисони Суғду Хатлон ва ВМКБ, раиси шаҳри Душанбе, сафирон ва оилаи онҳо, дипломатҳо ва кормандони дастгоҳи марказии ВКХ ва ғайра дода мешавад.
Шиносномаи хидматӣ ба муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди президент ва ҳукумати Тоҷикистон, муовини котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти президент, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, генералҳои дар хизмат қарордошта, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба ва ғайра дода мешавад.
Бояд гуфт, ки шиносномаи махсус танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Сақдӣ аст ва он ба Тоҷикистон дахл надорад.
Аксари шаҳрвандони Тоҷиукистон барои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд.
Қаблан, ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки шурӯъ аз 14-уми октябри соли равон дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ метавонанд, ки бидуни раводид ба Италия ва баръакс сафар кунанд.
Созишнома дар ин бора рӯзи 23-юми апрели соли ҷорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Италия зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия байни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расида буд.
Акнун, шурӯъ аз 14-уми октябр дорандагони шиносномаи дипломатӣ ба муддати 90 рӯз дар давоми 180 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда метавонанд.
Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Барои кадом амалҳо дар интернет шуморо метавонанд дар Русия ҳабс кунанд?
Дар Душанбе ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён карданд
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста