Имрӯз, 16-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президенти кишвар, бо фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумат Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вазифа гирифтанд ва Нуралӣ Асозода, мовини якуми вазири кишоварзӣ таъин гардид.
Нуралӣ Асозода Маҳмадулло моҳи январи соли равон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод шуда буд.
Ҳамчунин, бо амрҳои президенти Одинашоҳ Вализода аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи президент ва Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳ аз вазифа озод шуданд.
Сабаби барканории онҳо “бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ” гуфта шудааст.
Бо амрҳои дигари президент,
Маҳмуд Ҷумъазода, мушовири калони бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;
Салим Салимзода, сардори раёсати кишоварзии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
Маҳмуд Амирзода, сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
Сайазам Қодирзода, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
Хуршед Арабзода, сардори КВД “Таъмиру сохтмонӣ”-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон,
Тоҷиддин Раҳимзода, муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
Фарҳод Собирзода, директори КВД комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон
таъин гардиданд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иваз шуд.
Кӣ ба ин вазифа таъин гардид, ҳоло маълум нест.
Ба ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Варзобу Тоҷикобод ҳам иваз шуданд.
Ҳамчунин, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён, Левакант, Шаҳринав, Зафаробод, Спитамен ва Ашт нав шуданд.
Директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и ҶСК “Барқи Тоҷик” ҳам иваз шуд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии президент, ба ин вазифаҳо “кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин карда шуданд”.
Зимни суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон “онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят” кардааст.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста