Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 -уми феврал аз фаъолияти ин ниҳод дар соли 2024 натиҷагирӣ кард. Ӯ дар бораи дастовардҳо ва мушкилот дар самти муносибат бо замин маълумот дод.

 

Назорат аз болои замин пурзӯр шуд: қонуншиканиҳо коҳиш ёфтанд

Соли 2024 шумори қонуншиканиҳои марбут ба истифодаи замин кам шуд. Ба гуфтаи Хоҷазода, 12 554 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки 361 ҳолат камтар нисбат ба соли 2023 аст. Аммо дар бораи ба воситаи маҳз кадом чораҳо кам шудани ин ҳолатҳо ӯ мушаххасан чизе нагуфт.

Дар доираи назорат аз болои истифодаи захираҳои замин 11 296 қарор содир гардида, 9335 қонуншиканиҳо бартараф шудаанд. Маблағи умумии ҷаримаҳо қариб 7 млн сомониро ташкил додааст, ки зиёда аз 81%-и он ихтиёрӣ пардохт шудааст.

Ин нишондиҳанда 526 ҳазор сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Мақомоти додситонӣ аз рӯи 1025 парванда 911 қарор дар бораи ситонидани ҷарима содир намуда, барои иҷрои маҷбурӣ 1274 таъинот фиристода шудааст.

Кумитаи идораи замин бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Соли 2024 бо дархости мақомот зиёда аз 3 ҳазор санҷишҳо - беш аз 2 ҳазор бо дархости додситонӣ ва 517 - бо дархости ВКД гузаронида шудааст.

 

Чӣ гуна дар Тоҷикистон заминро тақсим ва истифода мекунанд?

Соли 2024 корҳои баҳисобгирии давлатии заминҳо ва ҷалби онҳо ба гардиши кишоварзӣ идома ёфт. Рӯзи 29 июн ҳукумат қарор “Дар бораи баҳисобгирии давлатии заминҳо”-ро тасдиқ намуд, ки категорияҳои қитъаҳои замин ва тақсимоти онҳоро то 1 январи соли 2024 муайян мекунад.

Дар доираи ин барнома баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Муъминобод (вилояти Хатлон), ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара (вилояти Суғд), инчунин ноҳияи Мурғоб (ВМКБ) ва шаҳри Ҳисор ба охир расидааст.


Миқдори 19 718 гектар заминҳо аз истифода дур мондаанд, ки 4923 гектари онро ба гардиши кишоварзӣ даровардан имкон дорад. Қисми зиёди ин заминҳо дар вилояти Хатлон - 15 357 гектар, вилояти Суғд - 3625 гекатр ва ВМКБ - 606 гектар ҷойгир шудаанд.

Кумитаи барои ҷалб ва азхудкунии онҳо тадбирҳо рӯйи даст мегирад.

 

Интиқоди харидорони пахта

Раиси Кумита ширкатҳоеро, ки аз деҳқонон пахта мехаранду ба фаъолияти онҳо маблағгузорӣ намекунанд, мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкатҳо метавонистанд деҳқононро бо техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, тухмӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин намоянд, лекин ин корро намекунанд.

Дар натиҷа деҳқонон кам ҳосил гирифта, маҷбур мешаванд, ки пахтаро аз арзиши аслиаш пасттар фурӯшанд ва ин пахтакориро фоидаовар намекунад. Аз ин рӯ, аксари фермерон аз кишти пахта даст мекашанд. Ин вазъият таъҷилан бозбиниро тақозо мекунад.

Маъракаи пахтачинӣ дар Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

 

Масъалаи замин дар ноҳияи Рӯдакӣ: барӯйхатгирӣ гузаронида шуд, лекин мушкилот боқӣ монд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ барӯйхатгирии заминҳо гузаронида шуд, аммо дар заминҳое, ки ба ихтиёри Душанбе дода шуд, ҳолатҳои сохтмони худсарона окшор карда шудаанд. Кумитаи идораи замин рӯйи ҳалли ин мушкилот кор мекунад, лекин ҳоло ҷузъиёташро рӯшан намесозад.

Боз як масъалаи муҳим - истифодаи оқилонаи замин дар гирду атрофи пойтахт аст. Хоҷазода зикр кард, ки деҳқононро бо об таъмин кардан ва ҳархела сохтани парвариши зироатҳо зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, меҳмонони хориҷӣ аз боло ба гирду атрофи Душанбе назар карда, танҳо заминҳои кишти гандумро мебинанд, ҳарчанд дар минтақа парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ лозим аст.

Ба ин тариқ, мақомот дар як вақт ду вазифаро иҷро мекунанд: аз сохтмони ғайриқонунӣ пешгирӣ намуда, барои рушди бахши кишоварзӣ роҳу воситаҳои гуногун меҷӯянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.