Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, то барои ду соли наздик озуқа захира намоянд, ки аскари сокинони пойтахт иҷрои ин пешниҳодро ғайримумкин медонанд.
Ҳарчанд ағлаби шаҳрвандон хоҳиши барои хонаводаашон захираи маводи ғизоиро доранд, аммо камии маош ва баланд будани нархи маҳсулот дар бозор дар ин кор ба онҳо монеа мешавад.
Аз сӯи дигар онҳое, ки дар манзилҳои баландошёна ба сар мебаранд, барои нигаҳдории озуқа шароити муносиб надоранд.
Нарзулло Файзиев, як сокини пойтахт, мегӯяд, ӯ барои оилааш танҳо барои як моҳ орду биринҷ ва шакару равғанро метавонад захира кунад. Зеро аз як сӯ тавони харидории бештари ин маҳсулотро надошта бошад, аз ҷониби дигар барои нигаҳдории озуқа дар шароити хонаҳои танги баландошёна ҷой надорад.
Чун дар манзили сеҳуҷраӣ 7 нафар зиндагӣ мекунанд ва ҳатто таҳхона низ надоранд. Ин мусоҳиби мо афзуд, аксар вақт аз зиёд будани намӣ дар манзил орду биринҷ кирм мекунанд ва ғайри қобили истеъмол мешаванд.
Аммо Давлатбек Холиқов ба фарқ аз мусоҳиби қаблии мо соҳиби манзили заминист ва мегӯяд, роҳат метавонд дар манзили худ захираи чандсолаашро нигаҳ дорад. Ҳамчунин, ба хубӣ аз тарзи нагаҳдории ғизо барои дарозмуддат огоҳ аст. Масалан, ба гуфтаи вай барои он ки орду биринҷ кирм накунад, ба он намкаро омехта кардан лозим ва барои нагандидани пиёзу сабзӣ ва картошка бояд онҳоро дар чоҳ нигаҳ дошт. Вай меафзояд, замоне ҳатто то 5 тонна картошкаро дар манзилаш захира мекард, вале ҳоло нафақапулие, ки ӯ дарёфт мекунад, ҳатто ба харидории як халта орд намерасад.
Ба гуфтаи Давлатбек Холиқов, дар назди ҳавлияш як замини хурде дорад, ки пайваста дар он сабзавот мекорад,ва мавсимӣ ҳам бошад, аз сабзавоти худӣ истифода мекунанд.
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста