Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Аз ҷумла, миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии “Шоҳроҳи Абрешим” ва Филиали Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дар Тошканд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бошад бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаҳо ҳамкории байналмилалии муассисаҳои олиро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи навтарини таълимиву илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ташкили табодули таълимиву академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи мамлакат, таҳия ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, ба монанди конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмуну фестивалҳои эҷодиро фарогир мебошад.

Ин созишномаҳо дар шаҳри Тошканд, дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд.

Форуми мазкур рӯзҳои 15-16-уми апрелбаргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат бо мақсади рушди соҳаи маориф, илм ва инноватсия, ҳамгироии барномаҳои гуногунсамти таълимӣ ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ арзёбӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.