Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” оғоз шуд. Он дар ду давр баргузор мешавад ва даври аввал аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мегардад.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” меъёри интихоб барои иштирок ва ғолибият дар озмунро шарҳ доданд.
Ҳадафи озмун чӣ аст?
Ба қавли як масъули ин Кумита, озмун дар саросари кишвар гузаронида мешавад ва ҳадафи он баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.
“Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тақвияти меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар р=ҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд”, - гуфт ин масъули Кумита.
Кӣ метавонад иштирок кунад?
Оилаҳое, ки намунавӣ ҳастанд, метавонанд дар ин озмун иштирок кунанд. Рӯйхати чунин оилаҳо дар идораи ҷамоатҳои ҳар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд будааст.
“Ҳамсарон бояд фарзандони солиму солеҳро дар муҳити хонаводагӣ тарбия карда, барои таҳсили онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда бошанд. Дар хонаводаашон китобхонаи шахсӣ дошта бошанд, бояд фарзандонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда тавонанд. Яъне, ҳамсарон имконият барои камолоти намунавии фарзанд фароҳам оранд”, - гуфт намояндаи ин ниҳод.
Ӯ зикр кард, ки ҳангоми интихоб доварон муносибати ҳамсаронро ба назар мегиранд. Онҳо бояд муносибати намунавӣ дошта бошанд, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок карда, дар ободии ҷойи зисташон саҳм гузоранд.
Онҳое, ки тибқи меъёрҳои зикршуда зиндагӣ доранд ва муносибат мекунанд, метавонанд барои иштирок дар озмун худро номнавис кунанд.
Барои номнавис кардан, пешниҳоди нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди аҳли хонавода зарур аст.
Ғолибони даври аввал аз ҳар минтақаи кишвар ба таври зерин интихоб мешаванд:
- шаҳри Душанбе – 2 ҳамсар;
- вилояти Суғд – 3 ҳамсар;
- вилояти Хатлон – 4 ҳамсар;
- ВМКБ – 2 ҳамсар;
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 ҳамсар.
Ин 14 ҳамсари ғолиб дар минтақаҳо ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоиро пайдо мекунанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/343032/%D0%BE%D0%B8%D0%BB%D0%B0%201.jpg)
Ғолиб чӣ гуна муайян мешавад?
Ба иттилои намояндаи Кумита, ғолибро ҳайати ҳакамон интихоб мекунад. Аммо ҳайати ҳакамон чӣ гуна интихоб шудааст, маълум нест.
Намояндаи Кумита таъкид мекунад, ки ҳайати ҳакамон бо ҳар як иштирокчии даври ниҳоӣ аз наздик сӯҳбат мекунанд, бо шароити молӣ ва маънавии хонавода шинос мешаванд.
“Аз муҳити оиладории онҳо навор ҳам гирифта мешавад. Дар баробари ин, ҳамсарон ҳуҷҷатҳои лозимӣ, диплому ҷоизаҳои худ ва фарзандонашон, дастоварду муваффақиятҳои худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд”, - гуфт намояндаи Кумита.
Ӯ зикр кард, ки ҳангоми интихоби ғолиб афзалият ба марди хонавода дода мешавад, зеро “нақши мард дар муҳити хонавода калидӣ аст”.
“Андешаи он ки мард танҳо таъминкунандаи оила аст ва тарбияи фарзандон бар зиммаи танҳо модар аст, ғалат мебошад. Чун нақши ҳарду дар тарбияи фарзанд муҳим аст ва дар ин масъала падари хонавода низ бояд таваҷҷуҳ дошта бошад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Аз рӯйи низомномаи озмуни мазкур миёни ҳамсарон бояд “марди оила ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, ба маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила самҳгузор бошад”.
Дар ниҳоят, ба як нафар ғолиби даври ниҳоӣ шоҳҷоиза тақдим мегардад. Ҳамчунин, ба 1 нафар ҷойи якум, ба 2 нафар ҷойи дуввум ва ба 3 нафар ҷойи сеюм супорида мешавад.
Ҳафт иштирокчии фаъоли даври ниҳоӣ бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мешаванд.
Аммо маблағи туҳфа маълум нест.
Бояд гуфт, ки озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” баргузор мешавад.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста