Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти бемории илтиҳоби гиреҳии пӯст миёни ҳайвонотро, ки сабаби манъи вуруди маҳсулоти чорводорӣ аз Тоҷикистон ба Русия шуд, тасдиқ кард. Дар ин бора масъулини Кумита дирӯз, 29 январ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Моҳи майи соли 2024 Вазорати хоҷагии қишлоқи Русия бо нашри як изҳорот вуруди ҳамагуна ҳайвонот, маҳсулоти чорводорӣ, хӯроки чорво, сагу гурба ва парандаҳоро манъ кард. Сабаби маҳдудият паҳншавии бемории илтиҳоби гиреҳии пӯст миёни чорво гуфтанд.
Ба иттилои Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, бемории илтиҳоби гиреҳии пӯст миёни чорвои калон дар кишвар соли гузашта ба қайд гирифта шуд.

“Дар маҷмуъ, он қадар талафоти зиёди чорво мушоҳида нашудааст, ки ба бозори истеъмолӣ ё соҳаи чорводорӣ таъсири манфӣ расонида бошад. Ин беморӣ бо сабаби гармшавии ҳаво дар кишвар паҳн шудааст” - шарҳ дод сардори Раёсати бойторӣ, ки худро Ҳамдамов муаррифӣ кард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки давоми соли гузашта барои мубориза ба илтиҳоби гиреҳии пӯст ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят 200 ҳазору 755 воя ваксина гузаронида шудааст.
Масъули Кумита шарҳ надоданд, ки то имрӯз чанд чорво ба ин беморӣ олуданд ва маҳдудити Русия то кай идома хоҳад ёфт.
Манъи муваққатии фурӯши шир
Ҳамчунин, дар нишаст хабар доданд, ки Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар робита ба истифодаи зарфҳои яккарата аз ҷониби фурӯшандагони шири хонагӣ “фармоиши якҷоя қабул шуд”. Яъне акнун шир ба пойтахт аз ноҳияҳои атроф бояд дар зарфҳои яккарата ворид шавад.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, кам шудани фурӯшандагони шир дар пойтахт эҳтимол ба ин қарор вобаста аст.
Ин раванд чӣ гуна назорат мешавад, дар Кумита шарҳ надоданд.
Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба манъи муваққатии воридоти шир ба пойтахт давоми моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта дар Кумита гуфтанд, ки ин ба ошкор шудани бемории буғумдард дар яке аз деҳаҳо вобаста аст.
“Ин беморӣ дар яке ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат ошкор шуд. Мо ҳолатро пайгирӣ карда, чорвои ин минтақаро пурра аз санҷиш гузаронидем, аз ин рӯ ворид кардани шир аз минтақа ба пойтахт муваққатан манъ шуда буд. Ҳоло ин маҳдудиятҳо бекор шудаанд” - гуфта шуд зимни нишаст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, соли гузашта онҳо аз ҳисоби маблағи хизматрасониҳои пулакии нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 14 млн 470 ҳазору 960 сомонӣ даромад ба даст овардааст.
Даромади умумии Кумитаи аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ дар соли 2024 бештар аз 30 млн сомониро ташкил додааст.
Бояд зикр кард, ки Муҳаммадсаид Файзуллода, роҳбари ин ниҳод дар нишаст иштирок надошт ва сабаби набудани ӯро муовинонаш шарҳ надоданд.
Маҳмуд Ширинҷонзода, муовини раис баъди хондани беш аз ним соат варақаи матбуотӣ, ки аллакай дар дасти журналистон буд, танҳо пас аз пофишории рӯзноманигорон ба саволу ҷавоб гузашт.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста