Соли гузашта дар Тоҷикистон пошхӯрии оилаҳо кам, вале шикояти мардон аз болои занҳои худ дар робита ба зӯроварӣ ва никоҳи бармаҳал зиёд шудааст. Ин нуктаҳо дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила имрӯз 10-уми феврал садо дод.
Афзоиши хушунат нисбат ба мардон
Бунафша Файзиддинзода, раиси ин кумита гуфт, ки соли 2024-ум беш аз 550 мард барои хушунат ва зӯроварӣ нисбаташон ба ин ниҳод шикоят кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 61 ҳолат зиёд аст.
Ҳамчунин, дар ин давра 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ворид гардидааст. Ин нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст.
Дар маҷмуъ, соли гузашта, 3 ҳазору 200 арзу шикоят дар робита ба зуроварӣ ба Кумита ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 148 ҳолат зиёд аст.

“Омилҳои зӯроварӣ нисбати мардон дар бештари ҳолатҳо дар ҷангҷолҳои хонаводагӣ, махсусан, дахолати шахсони сеюм, аз ҷумла хешу табори занҳо, ки нисбати шавҳар зӯроварӣ мекунанд, ба назар мерасад. Чунки зан қувват надорад ва ҳатман дар ин ҳолатҳо ягон нафарро аз ҷумла бародар, падар ё ягон хешу таборашро вобаста мекунад”,-иброз дошт Файзиддинзода.
Дар идома Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. Соли 2023-юм 3418 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст.

“Аз ин шумора 208 ҷиноят нисбати духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 72 ҳолат зиёд аст. Инчунин, беш аз 1 ҳазору 700 ҷиноят аз тарафи занону духтарон содир шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 172 ҷиноят кам аст”, - гуфт раиси кумита.
Коҳиши никоҳу талоқ ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳо
Дар идомаи нишаст, зикр шуд, ки соли гузашта беш аз 9 ҳазор ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2023 беш аз 1000 адад камтар мебошад.
Дар баробари ин, 75 ҳазору 197 ақди никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1 ҳазору 247 адад кам аст.
Ӯ омили асосии талоқ дар кишварро ба издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рабт дод.

“Духтарон касбу корро намеомӯзанд як ҳунар надоранд, ки дар натиҷа оила вайрон мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо бо дахолати падару модар оилаҳо вайрон мешаванд, ки дар натиҷа онҳо ҷойи рафтан ҳам намеёбанд, сарсон мешаванд”,-иброз дошт Файзиддинзода.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки соли 2026 дар кишвар барои дастгирии занону духтароне, ки аз хушунату зӯроварии хонаводагӣ ранҷ мебаранд, паноҳгоҳ бунёд карда шавад. Он бо дастгирии ҳукумати кишвар ва шарикони рушд сохта мешавад.
Ба иттилои Бунафша Файзиддинзода айни ҳол дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ин гурӯҳи занон хобгоҳ амал мекунад.
Афзоиши никоҳи бармаҳал
Ба иттилои Бунафша Файзиддинзода дар соли 2024 дар Тоҷикистон 55 ҳолати ғайриқонунӣ ба шавҳар додани духтароне, ки ба синни никоҳ нарасидаанд, ба қайд гирифта шудааст. Ин нисбат ба соли 2023-юм 18 ҳолат зиёд аст.
Ба гуфтаи раиси кумита, нисбати волидайни ҳамаи онҳо барои “бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст” ё моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, ҷораҷӯӣ шудаст.

Ин банди қонунгузорӣ, аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳшисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то 2 сол ва ё то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, 771 ҳолати кам кардани синни ақди никоҳ аз ҷониби додгоҳҳо сабт шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 31 ҳолат кам аст.
Дар Тоҷикистон ба духтарон синни издивоҷ аз 18-солагӣ иҷозат дода шудааст, вале мувофиқи моддаи 13 Кодекси оилаи Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ бо ҳалномаи додгоҳ аз рӯи хоҳиши никоҳшавандаҳо метавонад, ки синни никоҳии муқарраркардаи ҳамин моддаро ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, дар ҳолатҳои зарурат кам кардани синни никоҳ аз сӯи додгоҳҳо “ба пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад”.
Ҳамзамон соли гузашта дар кишвар беш аз 400 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ аз сӯи занону духтарон сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 13 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумора 316 (334) ҳолати худкушӣ ва 99 (68) ҳолати сӯйиқасд ба ҷон ташкил медиҳад.
Бунафша Файзиддинзода сабаби даст ба худкушӣ задани занону духтаронро набаромадан аз уҳдаи оиладорӣ ва омода набудани онҳо ба зиндагӣ унвон кард.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста