Ҳукумати Тоҷикистон айни замон пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик»-ро доир ба бори навбатӣ боло бурдани тарифҳои иистифодаи нерӯи барқ мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти энергетикӣ ва ҳамчунин таъмини хизматрасонии зарурӣ ба истеъмолгарони нерӯи барқ, ширкати «Барқи тоҷик» ба боло бурдани нархҳои истифодаи нерӯи барқ ниёз дорад», - изҳор намуд зимни нишасти хабарӣ роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Қобили зикр аст, ки қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки бо мақсади истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ арзиши нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ боло бурда шавад.

Тайи 7 соли охир тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 5 маротиба - аз 6 дирам барои аҳолӣ дар соли 2009 айни замон то 14,65 дирам зиёд шуданд.

Раиси ширкат қайд кард, ки сиёсати нархгузорӣ аз ҷониби Хадамоти зиддинҳисорӣ муқаррар шуда, дигар вазорату идораҳои дахлдор низ онро баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва дар сурати қабули қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус, ширкат ба иҷрои он оғоз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ доир ба рақамҳои мушаххаси тарифҳои нави ба ҳукумат пешниҳодшуда маълумот надода, лекин итминон дод, ки ҳангоми ҷорӣ кардани нархҳои нави истифодаи барқ шароити иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии кишвар ҳатман ба инобат гирифта хоҳанд шуд.