Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода эътироф кард, ки дар баробари сармоягузориҳои асосии давлатӣ, қаблан интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ сарчашмаҳои асосии рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ буд.

Ӯ қайд кард, ки тайи 20 соли ахир иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна ба андозаи 7% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то ба 31,5% дар соли 2015 поин рафт.

«Аммо сарчашмаҳои асосии рушд сармоягузориҳои асосии давлатӣ ва маблағҳои пулии интиқолдодаи муҳоҷирон буданд. Чунин хусусияти рушди иқтисодӣ ба осебпазирии иқтисод ба омилҳои беруна боис гардид», - изҳор дошт вазир имрӯз, 23 сентябр зимни маросими муаррифии Стратегияи шарикии Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд дар Душанбе.

Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки дар натиҷаи осебпазир будан ба омилҳои беруна, тӯли 2 соли ахир суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба андозае суст шуд. «Соли 2015 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 6% кам шуд, вале ба ҳар ҳол, дар партави беш аз 30% камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ, болоравии рушд таъмин карда шуд», - иброз дошт ӯ.

Вазир хотиррасон намуд, ки соли 2009 низ бар асари буҳрони сартосарии моливу иқтисодӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тақрибан 30% коҳиш ёфта, вале суръати рушди ММД то 3,9% поин рафта буд. «Соли равон ҳам коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ идома дорад, вале дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисод дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дод», - таъкид дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, сарчашмаҳои асосии таъмини ин болоравии иқтисод рушди босуръати саноат ва фаъолияти сармоягузорӣ мебошад. «Омили мазкур аз камшавии таъсири интиқоли маблағҳои пулӣ ба суръати рушди иқтисод ва тадриҷан гузариш ба сарчашмаҳои нави таъмини рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳад», - илова кард вазир.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2015 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ 22,1% кам шудааст.

Бо истинод ба махфӣ будани маълумот, дар Бонки миллӣ рақами мушаххаси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА-ро номбар накарданд, вале иттилоъ доданд, ки интиқоли маблағҳои пулӣ бо рубли русӣ дар ин давра 67 млрд.-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон - ҳудуди 598 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд.