Чанде пеш рӯзноманигори маъруфи тоҷик Маҳпора Киромова дар Facebook дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия мавриди хушунати ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтани писари ноболиғаш изҳори назар кард. Сабаби боздошт "зоҳиран монанди ҷинояткор" будани ҷавон будааст ва нозирони минтақавӣ дар кӯча кисаҳои ӯро кофтукоб кардаанд. Пас аз ёфтани сигори электронӣ, наврасро ба шуъбаи минтақавӣ бурда, ӯ  ва модарашро чанд соат он ҷо нигоҳ доштаанд.

Оё рафтори кормандони милиса аз нигоҳи қонун дуруст буд ва наврас ба чӣ айбдор мешавад? Мо бо ҳамаи иштирокчиёни ин ҳодиса суҳбат кардем.

Чӣ гап шуд?

"Таҳқири фарзанди ман дар рӯзи равшан бо истифода аз хушунати ҷисмонӣ ва равонӣ ҳодисаест, ки касе наметавонад аз он эмин бошад. Бахусус, кӯдакон. Зеро система имрӯз ба кормандони милитсия имкон медиҳад, ки бо баҳонаи чораҳои пешгирӣ ва рейдҳо ба онҳо кордор шаванд! Ба кисаҳои онҳо дар кӯчаҳо даст зананд! Дар мактаб ҷузвдони онҳоро кобанд! Онҳоро пурсуков кунанд, чун ин шахс ба назарашон шубҳанок намудааст!", - чунин оғоз мегардад навиштаи Маҳпора Киромова.

Ӯ зикр мекунад, ки ду нозири минтақавии милитсия писари ноболиғи ӯро рӯзона ҳангоми гаштугузор дар кӯча бо дӯсташ боздошт мекунанд. Ба гуфтаи Маҳпора, симои фарзанди 14-солаи ӯ ба нозири минтақавӣ шубҳанок менамояд. Ногуфта намонад, ки инро худи корманди милитсия низ тасдиқ кардааст. Нозир кисаҳои ӯро кофта, аз он сигори электронӣ дарёфт мекунад.

Чӣ гуна ба дасти писараш афтодани сигори электрониро низ Маҳпора шарҳ додааст: дӯсташ аз ӯ хоҳиш кардааст, ки онро барои як дӯсташ бо барқ нерӯ диҳад.

Маҳпора Киромова
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Наврас ин ҳолатро фаҳмониданӣ мешавад, лекин нозир ба гапҳояш гӯш надода, дағалона ӯро кофтуков мекунад (сабти видеоӣ низ инро тасдиқ мекунад). “Ӯро қариб кашола карда”, маҷбур мекунад, ки ҳамроҳаш ба шуъбаи милитсия равад, зеро ноболиғ мехост, ки аввал ба модараш занг занад.

Пас аз хоҳишҳои боисрори наврас нозири минтақавӣ Сомон Холиқов, баъди гузашти 15 дақиқа аз замони боздошт, бо модари ӯ тамос мегирад.

Киромова зикр мекунад, ки кормандони милитсия, аз ҷумла сардори шуъба бо фарзандӣ ӯ рафтори таҳқиромез ва пастзанандаи шаъну эътибор кардаанд: мегуфтанд, ки ӯ на аз хунукӣ меларзад, балки “хумор”-аш гирифтааст. Барои фаҳмонидани вазъият имкон надода, дағалӣ ва ашкрезиашро мазаммат мекарданд.

Ғайр аз ин, кофтуков ва мусодира бидуни шоҳидон гузаронида шудааст. Ба ҷойи ин, менависад Маҳпора, шоҳидон баъди ҳодиса ба ҳуҷҷатҳо имзо гузоштанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, ӯ қариб панҷ соат ҳамроҳи писараш дар шуъбаи милитсия будаанд. Дар ин муддат зан натавонистааст ба саволҳои сершумори худ посухи асоснок гирад.

Баъдтар Маҳпора дар навиштаи дигари худ дар бораи рӯзи дигар барои ҷустуҷӯи писараш ба мактаб рафтани нозири минтақавӣ Холиқов хабар медиҳад.

“Мақсади ӯ барои ман нофаҳмо аст. Ҳамчунин нофаҳмост, ки ӯ рақами телефон ва суроғаи зисти маро медонад, вале на бо ман, балки бо писарам вохӯрданист. Ва боз бе ҳузури ман. Хушбахтона, маъмурияти мактаб рафтори муносиб карда, ба ӯ чунин имкон надодаанд. Писарам ҳам дар мактаб набуд, зеро бемор аст. Нозири минтақавӣ хислатнома (характеристика) талаб мекунад. Онро ба ӯ медиҳанд”, - навиштааст ӯ.  

"Дар кисааш чизи ба корд монанд ёфт шуд"

Корманди қитъаи минтақавии №5-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сомон Холиқов ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки наврасро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи Холиқов, дар кисаи наврас чизи ба корд монанд ба назараш расидааст.

 "Ӯ бо либоси мактабӣ дар кӯча буд, рафтораш шубҳанок ба назар мерасид. Назди ӯ омада, суҳбат кардам. Дар кисааш чизи ба корд монанд буд, аз рӯи шаклаш чунин ба назар мерасид. Ҳозир дар шаҳр амалиёти “Корд” мегузарад. Ин кори ман аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки чизи дар кисааш бударо нишон диҳад, вале ӯ розӣ нашуд. Ман дидам, ки он сигори электронӣ аст. Шояд ӯ онро истифода мекард. Вақте ки ӯро боздоштам, дарҳол ба модараш хабар додам”, - зикр кард Холиқов.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ноболиғ бо худ нигоҳ доштани сигори электронӣ қонушиканӣ аст ва барои ин корманди милитсия ҳақ дорад, ки ӯро боздошт кунад.

“Ин қонунвайронкунӣ аст. Мувофиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ (КҲМ ҶТ), барои ин амал нисбати волидон ҷарима ё ҷазои то 15 шабонарӯз ҳабс татбиқ мешавад”, - шарҳ дод корманди милитсия.

Ӯ гуфтаҳои модари ноболиғ дар бораи тӯли панҷ соат дар шуъбаи милитсия қарор доштани онҳоро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо вақти камтар дар он ҷо қарор доштанд.

Ба савол дар бораи бидуни ҳузури волидон боздошт шудани наврас, корманди милитсия посух дод, ки инро зарур надонистааст.

Ба дигар саволҳои “Азия-Плюс”, аз ҷумла роҳ додан ба рафтори дағалона ва таҳқиромез нисбати ноболиғ, инчунин масъалаи марбут ба шоҳидон, Холиқов посух додан тариқи телефонро рад карда, изҳор дошт, ки ба онҳо зимни вохӯрии шахсӣ дар кабинети кориаш ҷавоб хоҳад гуфт.

Дар ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба савол дар бораи қонунӣ будани рафтори нозири минтақавӣ посух доданд, ки боздошти наврасони гумонбар ба қонуншиканӣ бояд дар ҳузури волидон сурат гирад. Дар вақти бозпурсӣ ҳузури равоншинос зарур аст.

Дар ШКД зикр карданд, ки мувофиқи моддаи 90 КҲМ ҶТ, ба ноболиғон бо худ доштани сигори электронӣ манъ аст.

Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шарҳи ҳодиса худдорӣ варзида, изҳор намуданд, ки аз қазия огаҳанд ва баъдтар дар ин бора шарҳи расмӣ медиҳанд.

Баъди чанд рӯз ба қавли Маҳпора Киромова, нозири минтақавӣ Холиқов ӯро аз тартиб додани санад (протокол) дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи моддаи 90 КҲМ ҶТ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд) огоҳ кардааст.

Қонун чӣ мегӯяд?

Моҳи июни соли 2024 мақомоти Тоҷикистон қонун дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандонро такмил намуда, ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар қисмати тарбияи кӯдакон тағйирот ворид карданд.

Тағйирот ба моддаи 90 КҲМ ҶТ дахл кард, ки дар доираи он дар як қатор маврид масъулияти волидайн пешбинӣ шудааст, аз ҷумла дар сурати аз ҷониби ноболиғ бо худ ба муассисаи таълимӣ овардани маснуоти тамоку (сигори электронӣ ба он дохил мешавад), машрубот, маводи психотропӣ ва асбобоҳои манъшуда, ашёи халандаву буранда, инчунин бо худ доштани ҳамаи онҳо.

Яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Барои ин амал ба маблағи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1080 то 1440 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.

“Қобили зикр аст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғ бо худ доштани чизҳо аз ин номгӯй, барои волидон ё намояндаи қонунии ӯ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, аммо барои дар кӯча нигоҳ доштану боздошт кардани кӯдакон асосҳои кофӣ лозиманд. Лекин дар назар бояд дошт, ки мафҳуми “асосҳои кофӣ” дар баробари “шубҳанок ба назар менамуд” метавонанд бо маъниҳои гуногун шарҳ дода шаванд”, - гуфт ҳуқуқшинос ва роҳбари “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Хуршед Қурбоншоев.

Боздошт бояд қонунӣ ва бо риояи ҳуқуқҳои кӯдак сурат гирад

Ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова дар шарҳи ин ҳодиса изҳор намуд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, корманди милитсия танҳо дар ҳолатҳои муайян ба боздошти наврасон дар кӯча ҳуқуқ дорад. Ин ҳолатҳо бо меъёрҳои Конуститутсия, Кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, инчунин қонун “Дар бораи милитсия” танзим карда мешаванд.

Асосҳои кофӣ метавонанд чунин ҳолатҳо бошанд: гумонбарӣ ба қонуншиканӣ ё содир намудани ҷиноят, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳузур доштан дар ҷойи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ (сархушӣ), бидуни назорати калонсолон қарор доштан ё дар вазъияти хатарнок.

“Аммо дар ҳама гуна ҳолат, боздошт бояд қонунӣ, дар сурати зарурат ва муносиб, бо риояи ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла огоҳ намудани волидон ва таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя сурат гирад”, - иброз дошт Раҳмонова.

Кофтуков ва мусодираи ноболиғ бояд бо таваҷҷуҳи махсус ба ҳуқуқҳои кӯдак анҷом дода шавад. Дар ин бора бояд волидон ё намояндагони қонунии ӯ огоҳ карда шуда, дар ҷараёни кофтуков бояд ҳатман шоҳидон ҳузур дошта бошанд.

“Кормандони милитсия ноболиғонро бозпурсӣ карда метавонанд, лекин танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои қонун, бо назардошти ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳузури расмии намояндагони қонунӣ. Агар ноболиғ ба гумони содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боздошт шуда бошад, муҳлати боздошт наметавонад аз 3 соат зиёд бошад”, - илова кард ҳомии ҳуқуқ.
Гулчеҳра Раҳмонова
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Кӯдакон бояд аз муносибати бераҳмона ва зӯроварӣ муҳофизат шаванд

Маҳпора Киромова мутмаин аст, ки писараш ғайриқонунӣ боздошт ва бо худсарӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучор шудааст. Ӯ то охир талош бурданист, то онҳое, ки ҳуқуқҳои кӯдакро риоя накарданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

“Адвокат сабтҳо аз камераҳои мушоҳидавиро дар ихтиёр дорад, ки дар онҳо ҷараёни боздошти ғайриқонунии писари ман бо истифода аз қувва наворбардорӣ шудааст. Ин сабти видеоиро ман ба аризаам ба Додситонии кул чун замима илова кардам”, - зикр кард рӯзноманигор.

Ҳамчунин бо арзу шикоят дар мавриди рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзноманигор ба ШКД ва додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссияи ҳуқуқҳои кӯдаки назди ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.

Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар доираи фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ ин қазияро пайгирӣ намуда, кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад ва ба модару кӯдак ёрӣ мерасонад.

“Адвокатҳо ба шиносоӣ бо маводи парванда оғоз карданд. Муҳимаш - фаҳмидани асосҳои боздошти наврас аст. Бар асоси сабти камераҳои видеоӣ ман барои боздошти ӯ ягон асоси возеҳу аён намебинам. Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки дар ин ҳолат ошкоро нақзи қонун ба назар мерасад, аз ҷумла баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки барои ин ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”, - мегӯяд роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон, ҳодисаи мазкур якчанд ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқи кӯдакро фаро мегирад, аз ҷумла ҳуқуқҳо ба озодӣ, ҳимоя аз боздоштҳои худсарона ва ҳуқуқ ба ҳимоя дар ҳолати амали мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

“Дарвоқеъ, кӯдак бидуни асоси возеҳ боздошт шудааст. Корманди милитсия сабаби боздоштро шарҳ надода, ба кофтани кисаҳои ӯ оғоз намудааст. Посухи ӯ дар мавриди шубҳанок ба назар намудани симои ноболиғ барои дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асоси кофӣ шуда наметавонад”, - зикр кард ҳомии ҳуқуқ.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

“Меъёрҳои байнулмилалӣ талаб мекунанд, ки дар ҷараёни ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯдакон бояд аз рафтори бераҳмона ва худсарӣ зери ҳимоя қарор дошта бошанд ва бо онҳо бояд рафтори инсондӯстона ва эҳтиром аз ҳуқуқҳои онҳо сурат гирад”, - таъкид дошт Раҳмонова.

Ӯ зикр кард, ки рафтори корманди милитсия нисбат ба кӯдак метавонад бо пайомадҳои ҷиддии ҳуқуқӣ анҷом ёбад, чунки меъёрҳои муҳимми адолат, ҳимояи кӯдакон ва риояи қонун дар мувофиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро ба расмият эътироф кардааст, риоя карда нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.