Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гуфт, дар сурати эҷоди таҳдиди ирсоли низомиёни Иттиҳоди Аврупо ба Украина, барои ироаи ҳар гуна кӯмак омодааст. Дар ин созмон Тоҷикистон ҳам шомил аст. Оинномаи СААД таъкид мекунад, ки дар сурати таҳоҷум ба як кишвар, кишварҳои дигари аъзо бояд аз он дифоъ кунанд. Коршиносон ба ин андешаанд, ки имкони ҷалби СААД ба қазияи Украина вуҷуд дорад, аммо он метавонад бештар ҳифзи сулҳ бошад.

Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва дар сурати иштирок, он чӣ паёмад ба кишварҳои аъзои ин созмон метавонад дошта бошад?

 

“СААД омодаи ирсоли ҳар гуна кӯмак хоҳад буд”

“Бори аввал нест, ки дар пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ эҳтимоли ирсоли нерӯи низомӣ ба Украина баррасӣ мешавад. Аммо то ҳол чунин нерӯ дар он ҷо расман ҳузур надорад. Сабаб дар он аст, ки ин метавонад вазъи минтақаро хатарнок кунад. Дар ҳолати эҷоди чунин хатар, СААД дар доираи оинномаи созмон ва албатта, розигии аъзои он барои пешниҳоди ҳар гуна кӯмак омода хоҳад буд”, - гуфтааст Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД зимни мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи “Известия”-и Русия.

Тасмагамбетов ошкор нагуфтааст, ки барои кадом кишвари узви созмон “ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”, аммо коршинсон ва расонаҳои ҷаҳон ин гуфтаи Тасмагамбетовро “омодагӣ барои пешниҳоди кӯмак ба Русия” шарҳ додаанд. Зеро Русия як ҷониби ҷанг дар Украина аст ва бештар аз ҳар кишвари узви СААД аз ҳузури нерӯи низомии кишварҳои аврупоӣ, ки аксаран узви Созмони аҳдномаи атлантикаи шимолӣ (НАТО) мебошанд, нигарон аст.

 

Имангалӣ Тасмагамбетов
Акс аз РИА Новости

Омили нигаронии Русия

Ирсоли нерӯҳои низомии кишварҳои аврупоӣ ба Украина бори аввал нест, ки матраҳ мешавад. Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, дар моҳи феврали соли 2022, сиёсатмадорону низомиёни кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дар сатҳҳои гуногун ирсоли расмии нерӯ ба Украинаро баррасӣ карда буданд.

Аз ҷумла, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эҳтимоли ирсоли низомиёни кишвараш ба Украинаро чанд маротиба ба таври ҷиддӣ ба миён гузошт, ҳарчанд то ҳол ин кор сурат нагирифтааст.

Аммо мавзӯи ирсоли нерӯи низомӣ ба Украина пас аз раиси ҷумҳури Амрико интихоб шудани Доналд Трамп дубора мубрам гардид. Махсусан, вақте мавзӯи ирсоли нерӯи низомӣ ба Украина ҷиҳати таъмини кафолати амниятӣ ба ин кишвар ва истиқрори сулҳ ба миён омад, ӯ аз кишварҳои аврупоӣ хост, барои таъмини амнияти қора бештар талош кунанд ва таъкид намуд, ки ба ҳеҷ ваҷд низомиёни кишварашро ба Украина ирсол нахоҳад кард.

Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир изҳор дошт, ки омодааст ба Украина нерӯи низомӣ ирсол кунад. Теъдоди низомиёне, ки Британия Кабир метавонад ба Украина ирсол кунад, на беш аз 30 ҳазор хоҳад буд. Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури кунунии Украина то 120 ҳазор нерӯ дархост карда буд.

Ба қавли сиёсатмадорону низомиёни аврупоӣ, нерӯи низомии кишварҳои ин қора дар Украина истиқрори сулҳро назорат хоҳанд кард. Аммо мақомдорони Русия мегӯянд, ба ҳеҷ шарт намехоҳанд дар Украина нерӯи низомии кишвари узви НАТО бошад, зеро ин таҳдид ба амнияти онҳо аст.

 

Нерӯҳои низомӣ дар Бруссел
Акс аз РИА Новости

Мактуби “фейк”-и Медведев ва намоиши “Русия танҳо нест”

Ин бори аввал нест, ки ҷалби нерӯҳои СААД ба ҷанг дар Украина бар расонаҳо баррасӣ мешавад. Пештар аз ин, моҳи октябри соли 2022, дар шабакаҳои иҷтимоӣ “мактуб”-и Дмитрий Медведев, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия ба дабири куллии СААД нашр шуд. Дар он гӯё Медведев аз кишварҳои узви СААД хоҳиши кӯмаки низомӣ карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри иттилоия ин “мактуб”-ро “фейк” ва талоше барои рахна кардани иттиҳоди кишварҳои узви созмон номида буд.

Муҳаммад Шамсуддинов, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Тоҷикистон изҳороти дабири кулли СААД ва баррасии ҷалби ин созмон ба қазияи Украинаро талоше аз сӯйи Русия барои намоиши муттаҳидонаш медонад.

Ӯ мегӯяд, Русия талош дорад дар ҷараёни музокирот оид ба Украина ба амалҳои дастаҷамъонаи Аврупо посух диҳад, ки кишвари танҳо нест.

“Ин изҳороти дабири кулли созмонест, ки намояндагони ҳамаи кишварҳои аъзо дар он ҳузур доранд. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки барои изҳори назари мазкур аъзои созмон мувофиқа кардаанд”,  - мегӯяд Шамсуддинов.

 

Муҳаммад Шамсуддинов
Акс аз саҳифаи фейсбук

СААД чӣ нерӯ дорад?

СААД соли 1992 ташкил шуда, шаш кишвари пасошӯравӣ – Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистонро муттаҳид кардааст. Ҳарчанд Еревани расмӣ солҳои охир аз ин созмон канораҷӯӣ мекунад ва ҳатто соли гузашта ҳар гуна фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карда, ҳаққи узвияташро пардохт накард, аммо ҳамоно узви он аст. Замоне Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳам узви ин созмон буданд.

Меъёри калидии ин паймон дар моддаи 4-и он сабт шудааст, ки мегӯяд, таҳоҷум ба як кишвари узви созмон чун ҳуҷум ба ҳамаи кишварҳои аъзо дониста мешавад. Дар ин ҳолат, ҳамаи кишварҳои узв ба кишвари мавриди ҳуҷум қароргирифта кӯмаки зарурӣ, бо шумулӣ низомӣ, мерасонанд ва аз он дифоъ мекунанд. Паймон барои дифои дастаҷамъӣ барои ҳар панҷ соли баъдӣ имзо мешавад.

Шӯрои дифои дастаҷамъӣ, ки аз роҳбарони кишварҳои узв иборат аст, мақоми олии ин созмон аст.

Соли 2001 дар ҳайати созмон Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис ёфт, ки 5 ҳазор сарбоз дорад. Дар ҳайати Нерӯҳои вокуниши фаврии СААД 20 ҳазор сарбоз ҳаст. Ва ҳамчунин 3 ҳазор сарбозоне, ки барои таъмини фаъолияти сулҳофарии созмон пешбинӣ шудаанд. Аммо инҳо нерӯҳои доимамалкунанда нестанд.

 

Созмоне зери нуфузи Русия

“СААД-ро метавон модели ҳамгироии Русия номид. Русия дар фазои пасошӯравӣ нақши умда дорад ва аз ин лиҳоз, 90 дарсади нерӯҳои ин созмон ва маблағгузории он аз низомиёни рус ва захираҳои Русия иборат аст”, - гуфтааст Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ба Радио Озодӣ

Буҷаи ин созмон ҳам зиёд нест. Масалан, дар соли 2022 он қариб 6,4 млн долларро ташкил додааст. Барои муқоиса, дар он сол НАТО 1,1 трлн доллар буҷет доштааст.

Мушаххасан саҳми дақиқи кишварҳои узв маълум нест. Куҷое расман зикр нашудааст, ки кадом кишвар чанд сарбоз ва чанд пул барои созмон ихтисор мекунад.

Тибқи иттилои аз манобеи гуногун дастрасгардида, масалан саҳми Тоҷикистон дар СААД тахминан 600 низомӣ арзёбӣ мешавад. Соли 2022 Тоҷикистон ба Қазоқистон 200 низомӣ фиристод.

Коршиносон фаъолияти СААД-ро барои он интиқод мекунанд, ки шаффоф, муназзам, собитшуда нест ва дар рӯбарӯи ҷолишҳои ҷиддӣ осебпазир аст.

Шамсуддинов ҳам мегӯяд, агар ҳам, ки СААД ба кӯмаки Русия нерӯи сулҳофар фиристад, ғайр аз Русия ва то ҷойе Белорус, иштироки дигар кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон рамзӣ хоҳад буд. Яъне имкони ҳузури маҳдуди нерӯҳои сулҳофар вуҷуд дорад, мисле, ки дар Қазоқистон буд.

 

Як амалиёт дар 30 сол

Ҷиддитарин чолише, ки СААД давоми қариб 30 соли ҳастиаш бо он рӯбарӯ гардид, иштирок дар бартараф кардани бетартибиҳо дар Қазоқистон буд. Соли 2022 дар Қазоқистон дар пасманзари тазоҳурот ва бетартибиҳои зиддиҳукуматӣ Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури ин кишвар барои кӯмак ба СААД муроҷиат кард. Дар натиҷа, ба Қазоқистон 2030 хизматчии ҳарбӣ ва 250 воҳиди техникӣ фиристода шуд.

Нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон
Акс аз ТАСС

Аммо ҳолатҳое буданд, ки СААД аз иштирок дар муноқишаҳо худдорӣ карда буд. Масалан, соли 2010 зимни муноқишаҳои дохилӣ Қирғизистон аз СААД кӯмак хост, аммо посухи рад гирифт. Арманистон ҳам дар ҷанг барои Қаробоғ бо Озарбойҷон аз ин созмон кӯмак хост, аммо дарёфт накард.

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев, сабаби нақши муассир надоштани СААД дар ҳалли муноқишаҳоро ба ҳассосиёти фазои пасошӯравӣ рабт додааст, ки дар он на низом, балки шахсиятҳо нақши муассир доранд.

“Созмон натавонист ба як ниҳоди муҳим ва соҳиби нуфуз табдил ёбад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки дар кишварҳои ИДМ институтҳо нақши бузург надоранд. Ҳамаи қарорҳои муҳимро раҳбарони кишварҳо қабул мекунанд”, - таъкид мекунад Мамадшоев ба Радио Озодӣ.

 

Кумак барои ҳимоя ва паёмади саркашӣ

СААД метавонад дар асоси оинномаи созмон ба Русия кӯмак кунад, аммо бояд мушаххас кард: ин гуна кумак дар ҳолати ҳамла ба Русия ҳатмӣ хоҳад буд. Дар сурати баръакс, яъне ҳамлаи ягон кишвари узв ба кишвари бегона, дигар аъзои созмон ҳақ доранд аз ироа кумак худдорӣ кунанд. Яъне, дар мисоли ҷанги Русия дар Украина, аъзои СААД ҳақ доранд аз кӯмак ба Русия саркашӣ кунанд, чун ин мухолифи оинномаи созмон аст.

“Масалан, Арманистон, ки узвияти худро дар СААД боздоштааст, метавонад аз ирсоли нерӯ сарпечӣ кунад. Эҳтимоли радди ирсоли нерӯ аз сӯйи кишварҳои Осиёи Марказиро, ки метавонанд дар равобит бо Иттиҳоди Аврупо бо мушкил рӯбарӯ шаванд, низ набояд сарфи назар кард”, - мегӯяд Шамсуддинов.

Аммо паёмади ин гуна саркашӣ метавонад гуногун бошанд ва ба муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои аъзо ва Русия чун сарпарасти аслии ин созмон, таъсир гузорад.

Ба андешаи як сиёсатшиноси тоҷик, ки нахост номаш зикр гардад, эҷоди мушкил дар муносибати дуҷониба бо Русия камтарин таҳдид барои кишварҳои дигари аъзои созмон хоҳад буд.

“Дар ҳолати зарурат, Русия ин имкон ва тавонеро дорад, ки кишварҳои аъзои созмонро ба ирсоли кӯмак водор ва ҳар кишвари саркашро муҷозот кунад. Масалан, бо ихроҷи муҳоҷиронаш”, - мегӯяд ин сиёсатшинос.

Ин сиёсатшинос аз сӯйи Русия ҷалби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанг дар Украина ва ба ин бо як даъвати хушку холӣ ҷиҳати иштирок накардан дар муноқишаи кишвари сеюм посух додани кишварҳои Осиёи Марказиро гувоҳи мулоҳизаи кишварҳои минтақа аз ҳар гуна ҷабҳагирӣ алайҳи тасмимҳои Русия медонад.

“Аксари кишварҳои О.М., ки узви СААД ҳам ҳастанд, танҳо аз шаҳрвандони худ хостанд, ки дар ҷанги кишвари сеюм иштирок накунанд, аммо ба Русия, ки даҳҳову садҳо шаҳрвандонашонро бо роҳи фиреб ва иҷборан ба ҷанг фиристодааст, эътирозе накарданд. Яъне, ин кишварҳо ҳарос доранд, ки алайҳи тасмими Русия ошкоро эътироз кунанд”, - гуфт ӯ.

 

Паёмади кумак

Ба андешаи коршиносон, дар сурати иштироки СААД дар муқобили нерӯҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Украина кишварҳои узви СААД метавонанд бо хатарҳои бештар рӯбарӯ гарданд.

“Паёмади ин метавонад эҷоди мушкил дар равобит бо Иттиҳоди Аврупо гардад. ИА вақти вуруди нерӯҳои СААД ба Қазоқистон дар январи соли 2022 эътирози худро, аз ҷумла нисбати Қазоқистон, ки нерӯҳои СААД-ро даъват кард, иброз дошта буд. Он замон халалдор шудани истиқлолият ва ягонагии ҳудудии Қазоқистон сабаби эътирози ИА гардид. Бо назардошти он ки, ИА ҳудудҳои аз ҳисоби Украина ба ҳайати худ ҳамроҳкардаи Русияро эътироф намекунад, метавон хулоса кард, ки ин (ҷалби СААД ба қазияи Украина) метавонад боиси эътироз (аз сӯйи ИА) гардид”, - зикр мекунад Шамсуддинов.

Ҳамчунин, коршиносон ба паёмади иқтисодӣ, яъне таҳримҳои эҳтимолӣ ишора мекунанд, ки ин метавонад ба иқтисоди бе ин ҳам хароби кишварҳои узви СААД зарба занад.

Бештар аз ин, ба қавли таҳлилгарон, иштирок дар ҳар гуна низоъ метавонад боиси афзоиши хатарҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД гардад. Махсусан барои Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон қарор дорад ва дар ин кишвар даҳҳо гурӯҳи террористиву экстремистӣ лона гузоштаанд, иштирок дар ҳар гуна муноқиша, дар ҳайати СААД ҳам бошад, ба маънои пайдоиши холигӣ дар таъмини амнияти дохилӣ хоҳад буд.

Бо назардошти паёмад ва хатарҳои иштирок дар низоъ, Шамсуддинов мегӯяд, “кӯмак барои посдории сулҳ дар доираи СААД ба воқеият наздиктар аст, на ирсоли нерӯи низомӣ”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.