Дар назди масҷидҳои Тоҷикистон ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ имкон дорад, вале барои фаъолияти онҳо Вазорати маориф иҷозатнома намедиҳад.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тоҷикистониён бидуни хориҷ шудан аз қаламрави кишвар, дар дохили Тоҷикистон маълумоти ибтидоии динӣ гирифта метавонанд ва ин ҳуқуқ дар қонунгузории ҷумҳурӣ зикр шудааст.

“Масҷидҳои панҷвақта ҳуқуқ доранд, ки бо фароҳам овардани шароитҳои зарурии дахлдор барои гузаронидани машғулиятҳо дар назди худ курсҳои таълимоти динӣ боз кунанд”, - иброз дошт ӯ.

Аммо ба гуфтаи сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров, то ҳол ягон масҷид дар Тоҷикистон бинобар сабаби надоштани иҷозатнома дар назди худ ин курсҳоро кушода натавонист.

“Якчанд масҷидҳо бо мақсади ташкили чунин курсҳо ҳуҷҷат пешниҳод карданд, лекин мувофиқи қонунгузорӣ, танҳо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба додани иҷозатномаи расмӣ барои фаъолияти чунин курсҳо ҳуқуқ дошта, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз масҷидҳои ҷумҳурӣ бо сабабҳои ба мо номаълум чунин иҷозатнома надоранд”, - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ягона мактаби олии исломӣ фаъолият дорад, ки дар он 1400 нафар донишҷӯён таҳсили илм мекунад. Соли 2015 дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар дар синфи 9-ум омӯзиши фанни “Таърихи дин” ҷорӣ гардид.