Дар Рӯзи дониш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз баъзе камбудиҳо дар соҳаи маориф нигаронӣ ва интиқод кард. Ӯ аз ҷамъоварии пул аз хонандагон , ба пешвози мансабдорон баровардани хонандагону омӯзгорон, дар дарсҳо ширкат накардани омӯзгорону хонандагон ва тафтиши бисёри маорифу мактабҳо эрод гирифт.
Интиқоди шадид аз пешвозгирии мансабдорон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз он ки мактабхонҳоро ба пешвози мансабдорон мебароранд, сахт танқид кард. Ӯ гуфт, “ҳатто барои сафарҳои президент ин корҳоро накунед”.
“Кӯдакҳоро бурда дар қади роҳҳо рост мегузоред. Чӣ гуноҳ доранд бечораҳо? Соатҳои дароз дар шамол, хунук, барф ва борон рост меистанд. Чӣ, президент хонандаро надидааст? Кӯдакро надидааст?!”, - пурсид Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ илова кард, ки ин корро манъ кардааст аз он худдорӣ кардан даркор. Зеро ба қавли раисҷумҳур ин кор ҳатто ҷазо дорад.
Ӯ афзуд, ки мансабдорон меҳмон инестанд, ки пешвоз гирифта шаванд.
“Омадааст, хуш омада! Ватанаш аст. Биёяд, бинад ва камбудиҳои соҳаашро ислоҳ кунад. Меҳмон нест вай. Меҳмон аз давлати хориҷӣ меояд”, - хитоб кард Эмомалӣ Раҳмон.
Мақсади асосии кӯдакон, ба назари Эмомали Раҳмон, таҳсил аст, на иштирок дар табрикот ва маросимҳои гуногун. Вай ба сохторҳои марбут, супориш дод, то назорат кунанд, ки чунин вайронкориҳо сурат нагиранд. Ӯ таъкид кард, ки ба истиснои чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо бояд чунин ҳолатҳо набошанд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки раисҷумҳур ҳузури кӯдакон ва хонандагони мактабро дар ҷараёни пешвозгирии мансабдорон интиқод мекунад ва дастури манъи онро медиҳад.
Соли 2013 дар ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсоле, ки ба пешвози раисҷумҳур оварда буданд, бо лаҳни кӯдакона шикоят кард, “хунук хӯрдааст”. Эмомалӣ Раҳмон он замон кӯдакро ба оғӯш гирифт ва ба масъулин гуфт, “беинсофӣ накунед, кӯдакон ях кардаанд”.
Аммо ин кор қатъ нашуд ва то ҳол мушоҳида мешавад, ки ҳангоми пешвози мансабдорон кӯдакону хонандагони мактабро дар ҳавои сарду қади роҳ ҷалб мекунанд.
“Аз дахолат ба кори маориф ва мактабҳо худдорӣ кунед”
Дар ин мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки вақтҳои охир дахолати сохтору мақомоти алоҳида ба кори соҳаи маориф, санҷишҳои нақшавиву ғайринақшавии зиёд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, инчунин, ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорону хонандаҳо ба ҷаласаҳои сохтору мақомоти гуногун ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Ӯ ба мақомот дастур дод, ки аз дахолат ба кори маориф ва мактабу омӯзгор худдорӣ кунанд.
Ин дастури ӯ боиси дастгирии зиёд ва кафкӯбии давомдор шуд.
Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ дар хулосаи як пажӯҳиши худ дахолат ва санҷиши мақомоти санҷишгар ва талаби маблағро дар муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои фалаҷкунандаи соҳа номида буд.
Нигаронӣ аз дахолати волидайн ба фаъолияти омӯзгорон
Масълаи дигаре, ки раисҷумҳур аз он нигаронӣ кард, дахолати падару модарон ба фаъолияти омӯзгорон ва дар байни ҳамкорон ё хонандагон паст задани шаъну шарафи онҳо буд.
Ӯ аз он ки ки волидайн бо омӯзгорон баҳс мекунанд интиқод кард ва гуфт, ин кор аз одоб берун аст ва аз анҷоми он бояд даст кашид. Ӯ гуфт, “ҳамон прокурор аст, милиса аст, каси дигар аст, ҳамонро ҳам омӯзгор дарс додааст. Омӯзгор намешуд, милиса намешуд”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки фишору латукӯби омӯзгорон аз ҷониби волидони хонандагон мавзӯи чандин сол аст, ки мавриди баҳсу интиқоди ҷомеа қарор гирифтааст. Соли ҷорӣ низ ин масъала доғ шуд, вақте давоми ду моҳ се ҳолати латукӯби омӯзгор сабт ва расонаӣ гардид. Дар латукӯби омӯзгорон дар мактабҳо кӣ гунаҳкор аст ва чӣ гуна онро метавон решакан кард, дар матлаби мо хонед.
Ҳозир нашудани хонандагону омӯзгорон ба дарс
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба дарс ҳозир нашудани хонандагон ва омӯзгоронро ба чолиш кашид ва онро яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳаи маориф донист.
Тибқи иттилоъи раисҷумҳур, ҳангоми гузаронидани як санҷиш дар санаи 7-уми майи солӣ ҷорӣ дар 3600 мактаб маълум гардидаст, ки 88 ҳазор хонанда бесабаб ба дарсҳо ҳозир нашудаанд.
“28 ҳазор нафар бе асбобу ашёи хониш ва 26 ҳазор нафар бе либоси муқарраршуда ба мактаб омадаанд. Инчунин, дар ҳамон рӯз 1900 омӯзгорон ба дарс ҳозир нашуданд. 2350 нафар омӯзгор бе лавозимоти таълимӣ ва 2000 нафар бо либоси ғайрирасмӣ ба ҷойи кор омадаанд”, - баён дошт ӯ.
Ӯ гуфт, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳастанд хонандаҳое, ки моҳҳо ба дарс ҳозир намешаванд.
“Дар Дубай аст, ё дар дигар давлатҳо тамошо карда гаштааст. Бачаи соҳибкор аст, бачаи мансабдор аст, фарзанди касе аст, дар журнал номаш рафта истодааст”, - бо нигаронӣ изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ роҳи ҳалли камбуди мавҷударо ҳарчӣ зудтар ба системаҳои рақамикунонӣ гузаштан донист.
Системаи рақамикунонӣ дар соҳаи маориф дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури донишҷӯён ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад.
Ҳарчанд, солҳои охир, ба гуфтаи раисҷумҳур, дар самти рақамикунонии соҳа корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале ба талабот ҷавобгӯй нестанд ва соҳаи маориф ва илми кишвар аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст.
Нигаронӣ аз пулҷамъкунӣ дар мактабҳо
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тибқи маълумотҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ амали номатлуби бо баҳонаи гуногун ҷамъ овардани маблағ аз хонандагон то ба ҳол ба назар мерасад.
Вай ба роҳбарони вазорати маориф, раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳо қатъиян хотима бахшанд.
“Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун, ба монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад”, - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ дар идома аз он интиқод кард, ки дар мактабҳо омӯзгорон барои таҷлили рӯзи зодрӯзашон аз хонандагон пул тамаъ мекунанд.
Ӯ гуфт, дар замони мо чунин корҳо набуд. “Ҳатто рӯзи таваллуди худамонро намедонистем”.
Ӯ таъкид кард, ки ин амалҳои номатлуб бояд аз байн бурда шаванд.
Бояд гуфт, ки мушкилоте, ки раисҷумҳур аз он интиқод кард, яке аз монаҳои аслии рушди бахши маориф дар кишвар аст. Бо мушкилоти дигаре, ки раисҷумҳур зикр карда, барои ҳалли он ба масъулини вазорати маорифи кишвар ду сол муҳлат дод, дар матлаби “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” шинос шавед.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста