Имрӯз, 18-уми сентябр ҳамчун Рӯзи шеъру адаб ва бузургдошти Шаҳриёр, яке аз бузургтарин шоирони муосири форсизабон, таҷлил мешавад. Ӯ яке аз шоирони забардасти ғазалсаро аст ва қисми аршади ашъорашро ба мавзӯи ишқ бахшидааст. Ба муносибати рӯзи гиромидошти Шаҳриёр мо ба рӯзгор, корнома ва мероси ин шахсияти барҷастаи адабӣ пардохтем.
Султони ишқи варшикаста
Яке аз воқеаҳои муҳиме, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Шаҳриёр таъсири амиқ гузошт, ишқи нокоми ӯ буд. Духтар Сурайё ном дошт ва ҳамчун Парӣ дар эҷодиёти Шаҳриёр ҷой гирифт. Ин ишқ дар ҷавонии шоир ба вуҷуд омад ва бо сабаби мухолифати падари Сурайё ноком монд.
Баъд аз ин, Шаҳриёр солҳо дар ишқи Сурайё сӯхт ва дар васфи ӯ ошиқонаҳо суруд. Ин таҷрибаи талх ба эҷодиёти Шаҳриёр таъсири амиқ гузошт. Бисёре аз шеърҳои ишқии ӯ, ки бо эҳсосоти амиқ ва дарди ҷудоӣ фарқ мекунанд, маҳз аз ҳамин таҷриба сарчашма гирифтаанд.
Бо ин вуҷуд, тазодҳои дигар дар ашъори ошиқонаи Шаҳриёр, ба монанди “Ту бимону дигарон” ва “Ҳоло чаро?!” девони ӯро арзишмандтар кардааст.
Кофир наему бар сари мо шӯри ошиқист,
Онро, ки шӯри ишқ ба сар нест, кофир аст.
Ҳамин тавр, Шаҳриёр дар 47-солагӣ ба худ ҳамсар интихоб кард, вале он ҳам танҳо ба хотири ҳамроҳии даврони пириаш буду бас.
Шаҳриёри шеъри форсӣ
Ба гуфтаи адабиётшиносон, Шаҳриёр шоири шӯру ҳол буд, на шоири қилу қол. Девони ӯ нишонгари паҳноварии вусъати ҳиссу ҳоли шоиронаи ӯст, чӣ аз нигоҳи мазомину муҳтавои густарда - ишқ, ирфон, зуҳд, дин, таълим, ахлоқ, сиёсат, иҷтимоъ, марсия, тавсиф, танз, ихвония ва ғайра ва чӣ аз лиҳози корбурди анвои қолабҳои шеърӣ - ғазал, қасида, маснавӣ, қитъа, мусаммат, муламмаъ ва ғайра.
Аммо бо ин ҳама номи Шаҳриёр бо ғазалу ғазалсароӣ маъруф ва шӯҳратёр гаштааст. Ӯ дар ғазал пайрави шеваи шоирони баландмартабаи форсӣ, аз ҷумла Саъдӣ, Саноӣ, Мавлавӣ ва ба вижа Ҳофиз буд ва бисёре аз ғазалиёти Шаҳриёр ба номи “Ҳофизонаҳои Шаҳриёр” шӯҳратёб шудаанд.
Бо ин ҳама Шаҳриёр истиқлоли забониву сабкии худро комилан ҳифз кардааст ва ашъораш тиҳӣ аз тақлиду кӯҳнагароӣ аст ва мафоҳиму мазомини наву модерн дар ғазалиёти ӯ ҳувайдост. Ва ҳамин амр боис шуд, ки бисёре аз шуарои ғазалпардоз таҳти таъсири ашъори ӯ қарор бигиранд ва ба қавле, дар ғазал пайрави Шаҳриёр шаванд.
Фалак гӯ, бо ман ин номардиву номардумӣ бас кун,
Ки ман султони ишқу шаҳриёри шеъри Эронам!
Дар омади гап, Шаҳриёр, илова бар шеъру шоирӣ, дар мусиқӣ низ устод буд ва ашъору эҳсосоти худро бо сетораш ба оҳанг медаровард.
Равоботи Шаҳриёр бо ҳамовардонаш
Дар марвриди ҷойгоҳи барҷастаи Шаҳриёр бояд гуфт, ки вай аз ҷавонӣ то поёни умр бо барҷастатарини удабову фузало ва шуарои бузурги Эрон ошноиву дӯстӣ ва муровадаи шеърию адабӣ дошт.
Аз ҷумла, Шаҳриёр бо Маликушшуаро Баҳор муносибати хеле наздик дошт ва ӯро устоди худ медонист. Онҳо зиёд мукотибаи адабӣ доштанд ва ба ҳамдигар шеърҳо ҳам бахшидаанд. Маликушшуаро Баҳор борҳо ҷони Шаҳриёрро наҷот додааст. Гуфта метавон, ки Шаҳриёр дар адабиёти Эрон ба мисли устод Лоиқ дар адабиёти Тоҷикистон аст ва Маликушшуаро Баҳор ба монанди Мирзо Турсунзода. Дарвоқеъ, Шаҳриёр баъд аз Маликушшуаро Баҳор охирин ҳалқаи шеъру адаби классик номида мешавад.
Ба ин минвол Парвини Эътисомӣ, Нимо Юшиҷ, Сайид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо, Аллома Деҳхудо, Мирзода Ишқӣ, Доктор Хонларӣ, Ахавони Солис, Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонӣ ва Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя аз дӯстони қарини Шаҳриёр буданд.
Хуни дил мавҷ занад дар ҷигарам чун ёқут,
Шаҳриёро, чӣ кунам, лаъламу вологуҳарам.
Мақоми Шаҳриёр дар байни шоирони ҳамасраш хеле баланд буд ва ӯро на танҳо барои маҳорати шоирӣ, балки барои донишҳои васеъ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фалсафа, ирфон ва мусиқӣ эҳтиром мекарданд.
Вазни эҷодиёти Шаҳриёр
Эҷодиёти Шаҳриёр ҳам эътироф ва ҳам танқидро дар пай доштааст. Бояд гуфт, ки Шаҳриёр барои тасаллути комил бар забони форсӣ ва қобилияти истифодаи нозукиҳои он аз ҷониби шоирону адабиётшиносон ва мунаққидон эътироф шуд. Ӯ тавонист қолаби классикии форсиро бо унсурҳои муосир омезиш диҳад.
Ғайр аз ин, Шаҳриёр дар эҳё ва нигоҳдории шаклҳои классикии шеъри форсӣ, аз қабили ғазал нақши муҳим бозид. Ӯ ин шаклҳоро бо мазмунҳои нав ғанӣ гардонид. Шеърҳои Шаҳриёр на танҳо дар адабиёт, балки дар мусиқӣ ва санъати тасвирӣ низ инъикос ёфтанд. Шаҳриёр тавонист дар доираи шаклҳои анъанавӣ навовариҳо ворид кунад. Ӯ мавзӯъҳои муосирро бо забон ва услуби классикӣ баён кард.
Қобилияти эҷод кардан ба забонҳои форсӣ ва озарӣ Шаҳриёрро дар ҳарду фарҳанг машҳур кард. “Ҳайдар бобоя салом” яке аз беҳтарин намунаҳои шеъри туркии озарӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо баъзе мунаққидон Шаҳриёрро барои часпидан ба шаклҳои кӯҳнаи шеърӣ дар замони муосир танқид кардаанд ва мегӯянд, ки ӯ дар навоварии шеър кам кӯшиш кардааст.
Дар ин моваро, пас аз инқилоб, баъзе мунаққидон Шаҳриёрро барои “сиёсӣ” шудани шеърҳояш танқид карда, мегӯянд, ки ин ба арзиши бадеии шеърҳояш таъсири манфӣ расондааст.
Бо вуҷуди ин таърифу танқидҳо, аксари муҳаққиқон эътироф мекунанд, ки Шаҳриёр тавонистааст байни анъана ва навоварӣ пуле бисозад. Ӯ шеъри классикии форсиро бо ниёзҳои замони муосир мутобиқ кард ва ҳамзамон арзишҳои ҷовидонаи адабиро нигоҳ дошт.
То ҳаст тоҷи ишқи туам бар сар, эй ғизол,
Ширин бувад ба шаҳри ғазал Шаҳриёриям.
Шаҳриёр ва шинохти ӯ дар Тоҷикистон
Шаҳриёр дар Тоҷикистон, агарчи на ба андозаи Эрон, вале ба таври назаррас шинохта шудааст. Бадбахтона, на ҳамаи осори ӯ аз хатти форсӣ ба сирилик баргардон шудааст, вале шеъру ғазалиёти зиёди Шаҳриёр ҷудогона баргардон ва дар нашрияҳои кишвар ба чоп расидаанд.
Эҷодиёти Шаҳриёр дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчун як қисми адабиёти муосири форс омӯхта мешавад, аммо ин омӯзиш маъмулан умумӣ аст. Маълум нест, ки дар Тоҷикистон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Шаҳриёр тадқиқоти сотсиологӣ, кори илмӣ ё худ монография анҷом дода шудааст ва ё на.
Азбаски мардуми Тоҷикистон хатти форсиро хонда наметавоанд, бадбахтона, дастрасӣ ба осори пурраи Шаҳриёр дар кишвар маҳдуд аст. Аксари китобхонаҳо танҳо якчанд маҷмӯаи интихобии шеърҳои ӯро бо хатти форсӣ доранд. Дар ҷомеаи васеи Тоҷикистон Шаҳриёр на он қадар машҳур аст ва ӯ асосан дар доираҳои зиёиён ва алоқамандони адабиёти форсӣ шинохта шудааст.
Баъзе шоирони тоҷик аз эҷодиёти Шаҳриёр илҳом гирифтаанд. Ба қавли пажӯҳишгарон, “аз мактаби шеъри Шаҳриёр аҳли адаби солҳои 60-и асри пори тоҷик, чун Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Мастон Шералӣ татаббӯъ бардоштаанд”.
Бояд гуфт, ки соли 2023 маҷмӯи ғазалиёти Шаҳриёр таҳти унвони “Девони ғазалиёт” аз ҷониби шоир ва пажӯҳишгари тоҷик Исмоил Зарифӣ ба сириллик баргардон шуд ва бо тиражи кам ба чоп расид. Аз ин пеш як маҷмӯаи гулчини ашъораш ҳам ба чоп расида буд.
Дар маҷмӯъ, агарчи Шаҳриёр дар Тоҷикистон то андозае шинохта шудааст, аммо ин шинохт нисбат ба ҷаҳони форсигӯ хеле маҳдудтар аст. Барои беҳтар шиносондани эҷодиёти Шаҳриёр дар Тоҷикистон зарур аст, ки осори ӯ бештар баргардон ва нашр шавад, тадқиқоти васеътар анҷом дода шаванд ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гарданд.
Ба ҷои хулоса
Шаҳриёр баъд аз чор моҳи бистарӣ ва беморӣ соли 1988 дар 82-солагӣ дар Теҳрон чашм аз олам баст. Вале бо вуҷуди баъзе танқидҳо, Шаҳриёр ҳамчун як шоири бузург ва навовар дар адабиёти навини форсӣ ва хотираи мардум боқӣ мондааст. Шеърҳои ӯ то ҳол дар саросари ҷаҳони форсизабон хонда ва сароида мешаванд.
Дар интизори ту мемираму дар ин дами охар,
Дилам хуш аст, ки дидам ба хоб гоҳ ба гоҳат.
Воқеан, ӯ намунаи бартари он аст, ки чӣ гуна шоир метавонад ба решаҳои фарҳангии худ содиқ монда, дар айни замон бо замони худ ҳамқадам бошад.
Ҳамин тариқ, Шаҳриёр на танҳо шоир, балки як рамзи фарҳангӣ ва пуле байни адабиёти классик ва муосир ҳисобида мешавад. Мероси ӯ ҳанӯз ҳам илҳомбахши насли нави шоирон ва хонандагон дар саросари ҷаҳон аст.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста