Чанде пеш парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард, ки ба баланд бардоштани нуфузи ин касб ва беҳтар кардани шароити кори омӯзгорон равона шудааст. Дар ҳамин ҳол, садҳо омӯзгор соли хониши навро на дар синфхонаҳо, балки дар пахтазор дар “кумаки ихтиёрӣ ба кишоварзон” оғоз карданд.

Хонандагон низ, ки ғайриқонунӣ ба меҳнати кӯдакона ҷалб шудаанд, дар саҳроҳоянд.

 

Саҳро ба ҷойи дарс. Ба хона ҳамчун ба меҳмон

Субҳи муқаррарии рӯзи 14-уми октябр. Колхози ба номи Абдураҳим Ҷӯраев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Дар яке аз заминҳо даҳҳо нафар зану кӯдак пахта ҷамъ мекунанд. Миёни онҳо кормандони муассисаҳои тиббӣ, омӯзгорон ва хонандагони мактаби №42-и деҳаи Котма низ ҳастанд.

Мактабхонҳои синфҳои 5-6 мегӯянд, ба ҷойи дарс акнун онҳо дар саҳро кор мекунанд. Бо навбат ба саҳро мебароянд - як рӯз пас.

“Ҳар рӯз ҳудуди 150 кӯдак ба саҳро мебароянд. Барои ҳар кадоми онҳо чидани 10 кило пахта меъёр муқаррар шудааст. Агар дар синф 30 нафар бошанд, пас 300 кг пахта супоридан лозим аст”, - гуфт яке аз омӯзгорон, ки ба чидани пахта ҷалб шудааст.
Дар заминҳои колхози ба номи Абдураҳим Ҷӯраев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Акс аз Asia-Plus

Онҳо мегӯянд, ки ба пахтачинӣ набуромадан ғайриимкон аст, зеро “ҳамин тавр бояд бошад”. Ба саҳро гурӯҳ-гурӯҳ 10 рӯзӣ мебароянд. Дар мактаб гуфтанд, барои тезтар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон кумак кардан лозим аст.

Барои чидани 1 кило пахта аз 1 то 1,5 сомонӣ маблағ пардохт мешавад. Нархро худи кишоварзон мегузоранд.

Омӯзгорон аз деҳаи Котма
Акс аз Asia-Plus

Дар замини колхози ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев мо бо ҳудуди 40 хонанда ва даҳҳо нафар омӯзгор вохӯрдем. Соҳибони замин иҷозат надоданд, ки бо онҳо суҳбат кунем ва ё аксу навор бардорем.

Бо вуҷуди ин, маълум шуд, ки дар ин ҷо омӯзгорон ва хонандагони мактаби №27 кор мекунанд. Маблағи пардохти пахта пасттарин аз ноҳияҳои боздидшуда аст - 1 сомонӣ барои 1 кг.

Дар заминҳои колхози ба номи С.Урунхоҷаев танҳо кӯдакон ва омӯзгорон пахта ҷамъоварӣ мекарданд
Акс аз Asia-Plus

Дар яке аз майдонҳои ноҳияи Спитамен низ кӯдакон ва омӯзгорон аз мактаби №9 пахта мечиданд. Ба гуфтаи омӯзгорон, то нисфирӯз хонандагони синфи 6-ум ва баъди нисфирӯзӣ - хонандагони синфҳои болоӣ кор мекунанд. 

“Танҳо беморӣ ё дигар кори ҷиддӣ метавонад сабаби узрнок бошад ва барои ҳамин ҳам маълумотнома овардан лозим аст. Ба хона мисли меҳмонхона меоям - шаб хоб рафта, субҳ кор ва боз ба пахтачинӣ. Охир мо ҳама оилаву кӯдакон ва дар хона корҳо дорем”, - шикоят мекунанд яке аз муаллимаҳо.

 

“Барои дарстайёркунӣ на вақт ҳасту на қувва”

Дар шаҳрҳои бузург вазъ танҳо бо он фарқ мекунад, ки хонандагон ба пахтачинӣ ҷалб намешаванд, вале омӯзгорон мисли кормандони дигар муассисаҳо бояд ба саҳро бароянд.

“Супориш меояд, ки бояд мактаб чӣ қадар одам ҷудо кунад. Агар касе натавонад, метавонад ба ҷойи худ дигар касро фиристад. Муҳимаш ҷамъ шудани теъдоди зарурии одамон аст”, - зикр кард яке аз занони корманди яке аз мактабҳои шаҳри Бӯстон.

Ба гуфтаи ӯ, пештар омӯзгоронро танҳо дар рӯзҳои истироҳат ва танҳо ним рӯз ба пахтачинӣ ҷалб мекарданд, лекин рӯзҳои ахир омӯзгоронро дар рӯзҳои корӣ низ дар вақти дарсҳо ба пахтачинӣ мефиристанд.

Акс аз Asia-Plus

На танҳо мактабҳои давлатӣ, балки ахиран омӯзгорони муассисаҳои таълимии хусусӣ ва литсейҳо низ ба пахтачинӣ ҷалб мешаванд.

Ба қавли як омӯзгори мактаби хусусӣ дар Хуҷанд, ҳангоми кор дар саҳро ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ дода нашуда, бисёр вақт бо нақлиёт мушкилӣ пеш меояд.

“Магар барои пахтаи ҷамъкарда пул медиҳанд? Ба мо на танҳо пардохт намекунанд, балки эрод мегиранд, ки кам ҷамъоварӣ кардаем. Хеле хаста ба хона омадам. Барои дарстайёркунӣ на вақту на ҳавсала ва на қувва монд”, - иброз дошт омӯзгор.
Акс аз Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки омӯзгорон танҳо бо шарти ифшо нагардидани ному насаб ба суҳбат розӣ мешаванд. Онҳо эътироф намуданд, ки аз оқибатҳояш метарсанд. Ҳангоми суҳбатҳо бархе пеш аз посух ба саволи рӯзноманигор бо ҳарос ба гирду атрофашон нигоҳ мекарданд.

Ба идораи “Азия-Плюс” низ аз омӯзгорон дар бораи маҷбур кардан ба ҷамъоварии пахта арзу шикоятҳо мерасанд.

 

Таҳдиди аз кор рондан ва 500 кг пахта барои маълумотнома

Зане аз вилояти Суғд бо шарти ифшо накардани ному насабаш гуфт, ки барои ба саҳро набаромадан, огоҳинома, ҷарима ва ҳатто аз кор рондан таҳдид мекунад.

“Роҳи як самти рафтан ба Ашт 100 км аст. Як рӯзи истироҳат дорем. Омӯзгорон бояд дафтарҳоро тафтиш кунанд, ба дарсҳо тайёрӣ бинанд ва дар хона ҳам баъзе корҳоро анҷом диҳанд. Бисёриҳо аз ночорӣ гиря мекунанд. Як муаллимаи мо барои як коргари кироя 150 сомонӣ пул дод, то ки ба ҷойи ӯ равад, зеро ӯ 4 кӯдак дорад”, - навиштааст зан.

Ҳатто дар баъзе ноҳияҳо иштирок дар пахтачинӣ ба шарти гирифтани маълумотнома табдил ёфтааст. Як корбари “Азия-Плюс” чунин навиштааст:

Акс аз Asia-Plus

“Барои бародарам маълумотнома лозим буд, ӯ дар синфҳои ибтидоӣ мехонад. Боз модаркалонам ба САҲШ-и шаҳр рафт, ки то  ки шаҳодатномаи таваллуди набераашро гирад. Ба ӯ гуфтаанд, ки “аввал 500 кг пахта ҷамъоварӣ кун. Магар ин қонунист?”.

Дар навиштаи ӯ, сурати маълумотномаи расмӣ аз раиси ҷамоати деҳоти Патар илова шуда буд. Дар он мустақиман ишора шуда буд, ки барои ҳар як оила нақшаи ҷамъоварии пахта муқаррар шудааст - 500 кг. Талабот ҳамчун фармоиши мақомоти маҳаллӣ бар асоси “дастуру супоришҳои президент” зикр мешавад.

Акси пешниҳодшуда

 

Мавқеи расмӣ. Ихтиёрӣ ва барои дастгирии деҳқонон

Воқеан, Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷамъоварии пахта ҷалб гардидани омӯзгорону хонандагонро тасдиқ кард.

“Лекин кӯдакон аз дарсҳо қафо намонда, баъди дарсҳо мераванд. Охир ба ҷойи телефонбозӣ, беҳтараш меҳнат кардан хубтар аст. Ҳозир обуҳаво мусоид ва дар кӯча гаштан имкон дорад. Ба кӯдакон хӯроки нисфирӯзӣ дода мешавад. Пули иловагӣ ҳам кор мекунанд. Чӣ қадаре ки мо ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил кумак кунем, ҳамин қадар тезтар ин корҳо ба охир мерасанд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, дар бораи уҳдадории омӯзгорону хонандагон дар ҷамъоварии пахта санади расмӣ нест, ҳамааш ихтиёрӣ анҷом дода мешавад. Агар ҳолатҳои маҷбурӣ бошанд ҳам, ин ҳодисаҳои ҷудогона дар мактабҳои мушаххас аст.

Акс аз Asia-Plus

Дилором Турсунзода илова намуд, ки ба ёрии кишоварзон на танҳо омӯзгорон, балки дигар хидматчиёни давлатӣ низ ҷалб мешаванд.

“Бобоҷон Ғафуров ноҳияи калонтарин вилояти Суғд, замину саҳрояш хел зиёд аст, лекин пахтачинҳои ботаҷриба намерасанд. Аз ин рӯ, иштироки омӯзгорону кӯдакон ҳамчун дастгирии деҳқонон шуморида мешавад”, - иброз дошт мансабдор.

Бино ба маълумоти расмӣ, имсол дар зиёда аз 49 ҳазор гектар замин дар вилояти Суғд пунбадона кишт шудааст. Мавсими пахтачинӣ охири моҳи август оғоз гардида, дар баъзе ноҳияҳо то аввали моҳи декабр давом мекунад.

Соҳаи пахтакориро дар Тоҷикистон самти стратегӣ мешуморанд, ҳарчанд ин соҳа торафт камфоида мешавад. Хароҷот афзуда, нархи пахта паст мешавад ва хоҳишмандони пахтачинӣ бо ҳақмузди ночиз хеле каманд. Кишоварзонро ба пахтакорӣ маҷбур намуда, дар ҳамин ҳол, кумакпулӣ ва дастгирӣ аз ҷониби давлат нест.

Ба гуфтаи иқтисодчиён, низоми кунунии харид на ба манфиати истеҳсолкунандагон, балки миёнаравон кор мекунад. Бидуни ислоҳот соҳа минбаъд қобилиёти ҳаётии худро аз даст медиҳад.

 

Манъ аст, вале идома дорад

Истифодаи меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон расман аллакай 15 сол - аз соли 2009 манъ аст. Дар қонун “Дар бораи маориф” низ чунин таҷриба мустақиман манъ шудааст. Мутобиқи банди 9, моддаи 25, ҷалби хонандагон ба корҳои кишоварзӣ ва дигар навъи фаъолият, ки ба таҳсил марбут нест, манъ аст.

Бо вуҷуди ин, омӯзгорону хонандагон то ҳол соли хонишро дар пахтазорҳо пешвоз мегиранд. “Иштироки ихтиёрӣ” дар асл ба уҳдадории ҳатмӣ табдил меёбад. Чунин “сафарбарӣ” на танҳо ҳуқуқҳоро поймол месозад, балки метавонад барои ҳаёти кӯдакон хатарнок бошад.

Ба ин тариқ, моҳи ноябри соли 2024 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мошини боркаше чаппа шуд, ки дар он хонандагони мактабҳоро ба ҷамъоварии пахта мебурданд. Се тан аз хонандагон осеби ҷиддӣ бардоштанд.

Акс аз Asia-Plus

Моҳи сентябри соли 2021 дар пахтазори ноҳияи Зафаробод бар асари зери трактор мондан, духтари 15-сола ба ҳалокат расид.

 

“Ин аллакай беамалӣ нест, балки фаъолона поймол намудани ҳуқуқи инсон аст”

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи иносн сарусадоҳо дар мавриди меҳнати маҷбурӣ дар Тоҷикистон аллакай ду даҳсола аст, ки садо медиҳанд. Ҳанӯз соли 2005 ҳуқушиносон ва фаъолон дар вилояти Суғд талош варзида буданд, ки ба таври оммавӣ ба пахтачиӣ сафарбар намудани донишҷӯёну омӯзгоронро боздоранд.

Ҳарчанд аллакай ҳамон вақт истифодаи меҳнати онҳо тибқи қонун манъ буд, лекин одамонро бо хориҷ кардан, аз даст додани ҷойи буҷетӣ ва нокомӣ дар имтиҳонҳо метарсониданд.

Имрӯз, зикр мекунад Самадова, ин ҳодисаҳо такрор мешаванд. Акнун ҳатто хонандагони синфи 5-ум ба саҳро фиристода мешаванд, ба онҳо меъёри рӯзона муқаррар гардида, инро “пахтачинии ихтиёрӣ” ном мебаранд.

“Лекин ин на кори ихтиёрӣ, балки маҷбурӣ буда, боз кори вазнини ҷисмонӣ ҳам ҳаст, ки тибқи қонун набояд аз ҷониби ноблиғон иҷро шавад”, - мегӯяд ӯ.

Ҳомии ҳуқуқ илова мекунад, ки нигаронии зиёдтар дар он ифода меёбад, ки ҳамаи ин корҳо доимӣ ва мураттабанд, яъне раҳбарияти мактабҳо рӯйхат таҳия намуда, нақлиёт ташкил мекунанд ва сипас ба шуъбаҳои маориф ва мақомоти маҳаллӣ ҳисобот медиҳанд.

Ҳамаи ин, таъкид мекунад Самадова, на ташаббуси ихтиёриву на хоҳиши хонандагон барои «пулкоркунӣ», балки раванди дақиқи ҳамоҳангшудаест, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ танзимва идора мешавад.

“Вақте ки давлат на танҳо хомӯширо ихтиёр мекунад, балки худаш ба ташаббускор ва ташкилкунандаи меҳнати маҷбурӣ табдил меёбад, ин аллакай беамалӣ нест. Ин фаъолона поймол сохтани ҳуқуқи инсон аст”, - таъкид месозад ӯ.
Акс аз Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, озодӣ аз меҳнати маҷбурӣ яке аз озодиҳои начандон зиёди мутлақест, ки наметавонад дар ҳеҷ гуна ҳолат - на ба хотири иқтисод, на дар шакли ватандӯстӣ ва на зери шиори “ихтиёрӣ” маҳдуд карда шавад.

Самадова хотиррасон намуд, ки дар Кодекси меҳнат кори маҷбурӣ мустақиман манъ шуда, иштироки кӯдакон дар ҷамъоварии пахта, на танҳо қонунҳои миллӣ, балки уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистонро аз рӯи Конвенсияи байнулмилалии ташкили кор вайрон мекунад.

“Бист сол сипарӣ шуд, лекин моҳият ҳамон пешина боқӣ монд: хушунат дар шакли “меҳнати ихтиёрӣ” то ҳол зинда аст”, - хулоса кард номбурда.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.